https://sputnik.tj/20211123/munoqisha-kordzani-maskav-margi-zoda-tojikiston-1043716343.html
Муноқишаи хунин дар Маскав бо маргу захмӣ шудани бародарони тоҷик поён ёфт
Муноқишаи хунин дар Маскав бо маргу захмӣ шудани бародарони тоҷик поён ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Муноқиша бо кордзанӣ дар Маскав бо марги як зодаи Тоҷикистон анҷом ёфт
2021-11-23T16:48+0500
2021-11-23T16:48+0500
2021-11-23T18:37+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
муҳоҷират
маскав
муноқиша
тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102624/17/1026241776_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_e65e51e6a570532f5707c0ae8fb0f8ee.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Задухӯрди навбатӣ бо ширкати муҳоҷирон дар Маскав ба вуқуъ пайваст, хабар медиҳад "Telegram-канал"-и "МК: срочные новости"Шаби сешанбе дар ҷанубу шарқи Маскав задухӯрди маргборе рух дод. Дар зимни он дар назди як тарабхонаи тезтайёр дар кӯчаи Люблинская чанд шаҳрванди хориҷӣ аз силоҳи сард истифода карданд, ки як нафар куштаву як тани дигар захмӣ шуд. Ба иттилои манбаъ, бар асари ин муноқиша шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон Инъомҷон Куганов бо захмҳои корд аз китфу пушт ба бемористон интиқол ёфт. Маълум шуд, ки ӯ дар ин бархӯрд сархуш будааст. Иштирокчии дигари ин муноқиша, ки кушата шуд, баъдан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсияти ӯро муайян карданд. Ӯ бародари калонии Бобомурод Куганов будааст. Кормандони пулис то ҳол ҷинояткоронро пайдо накардаанд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи як занозании умумӣ бо ширкати беш аз 20 нафар дар Санкт-Петербург боздошт шудааст. Ин нахустин бархӯрди муҳоҷирон дар Русия нест, балки дар солҳои гузашта низ чунин ҳаводис иттифоқ меафтоданд.
https://sputnik.tj/20210808/munoqisha-tojikon-chechen-mitishi-1041502086.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102624/17/1026241776_99:0:820:541_1920x0_80_0_0_cde72d807aea9a96115f9147e001d530.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муноқиша кордзанӣмаскав марг тоҷикистон
муноқиша кордзанӣмаскав марг тоҷикистон
Муноқишаи хунин дар Маскав бо маргу захмӣ шудани бародарони тоҷик поён ёфт
16:48 23.11.2021 (Навсозишуда: 18:37 23.11.2021) Муноқишае дар Маскав бо кордзанӣ ва марги як зодаи Тоҷикистон анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Задухӯрди навбатӣ бо ширкати муҳоҷирон дар Маскав ба вуқуъ пайваст, хабар медиҳад "
Telegram-канал"-и "МК: срочные новости"
Шаби сешанбе дар ҷанубу шарқи Маскав задухӯрди маргборе рух дод. Дар зимни он дар назди як тарабхонаи тезтайёр дар кӯчаи Люблинская чанд шаҳрванди хориҷӣ аз силоҳи сард истифода карданд, ки як нафар куштаву як тани дигар захмӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ, бар асари ин муноқиша шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон Инъомҷон Куганов бо захмҳои корд аз китфу пушт ба бемористон интиқол ёфт. Маълум шуд, ки ӯ дар ин бархӯрд сархуш будааст.
Иштирокчии дигари ин муноқиша, ки кушата шуд, баъдан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсияти ӯро муайян карданд. Ӯ бародари калонии Бобомурод Куганов будааст.
Кормандони пулис то ҳол ҷинояткоронро пайдо накардаанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи як занозании умумӣ бо ширкати беш аз 20 нафар дар Санкт-Петербург боздошт шудааст.
Ин нахустин бархӯрди муҳоҷирон дар Русия нест, балки дар солҳои гузашта низ чунин ҳаводис иттифоқ меафтоданд.