Тормеғ мефарояд: дамои ҳавои Тоҷикистон барои 22 ноябр

© Sputnik / Амир ИсаевТуман в Душанбе
Туман в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Обуна шудан
Обуҳавосанҷон дар Тоҷикистон ҳавои бебориш, аммо фаромадани тормеғро пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар ВМКБ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дамои ҳаво дар вилояти Хатлон тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Ба президент гуфтанд, чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дуруст мебарояд
Дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, дар ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои Душанбе низ бидуни боришот шуда, тормеғ мефарояд. Ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0