https://sputnik.tj/20211122/harosi-lahistonu-litva-az-muhojironi-ghayriqonunii-osiyoi-markazi-1043699086.html
Ҳароси Лаҳистону Литва аз муҳоҷирони ғайриқонунии Осиёи Марказӣ
Ҳароси Лаҳистону Литва аз муҳоҷирони ғайриқонунии Осиёи Марказӣ
Sputnik Тоҷикистон
Лаҳистону Литва ба Аврупо ҳушдор доданд, ки ба мавҷи дуюми буҳрони муҳоҷиратӣ омода бошанд
2021-11-22T19:25+0500
2021-11-22T19:25+0500
2021-11-22T21:11+0500
муҳоҷират
лаҳистон
литва
осиёи марказӣ
буҳрон
ҳарос
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0e/1043534714_0:99:3289:1949_1920x0_80_0_0_25961781ee39f20f3eb918a9fd830485.jpg
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Мавҷи навбатии гурезаҳо имкон дорад, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ба вуҷуд биёяд, гуфт дар ин бора дар барномаи радиоии LRT Линас Линкявичюс, сафири муҳоҷират ва вазири корҳои хориҷии собиқи Литва.Ба гуфтаи вай, паноҳандагон хатсайрҳои нав пайдо мекунанд ва тавассути Беларус ба Литва меоянд, зеро мақомоти ин кишвар "роҳҳои нави муҳоҷирати ғайриқонуниро ҷустуҷӯ доранд".Барои пешгирии ин раванд Линкявичюс машварат бо Минскро зарур донист. Мақомоти ҳарду кишвар бояд дастаҷамъона роҳи раҳоӣ аз буҳрони муҳоҷиратиро ҷустуҷӯ намоянд.Қаблан дар бораи мавҷи дуюми муҳоҷирон Матеуш Мораветский, нахуствазири Лаҳистон пас аз мулоқот бо ҳамтои литвагиаш Ингрида Симоните гуфта буд.Ба ақидаи сиёсатмадор, ҷараёни навбатии муҳоҷиратро бояд аз Афғонистон интизор шуд. Вай гуфт, ки бархе аз паноҳандагон тавассути Русия ва Ӯзбекистон марзи Беларусу Лаҳистонро убур хоҳанд кард.Ёдовар мешавем, ки аз аввали соли 2021 дар марзи Беларус ва Литва беш аз чаҳор ҳазор муҳоҷири ғайриқонуниро боздошт намудаанд. Ин назар ба соли 2020 50 маротиба зиёд аст.Вилнюс мутмаин аст, ки буҳрони гурезаҳо як ҳамлаи омехта аз сӯйи Беларус ба Литва аст.Аз аввали моҳи август ба ин сӯ нерӯҳои амниятии Литва монеи муътаризоне мешаванд, ки мехоҳанд марзи Беларусро ба мақсади Аврупо убур кунанд.
https://sputnik.tj/20211118/putin-buhron-muhojirat-marz-lahiston-1043628931.html
лаҳистон
литва
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0e/1043534714_278:0:3009:2048_1920x0_80_0_0_17c1e360af08c09246065ed725b12407.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лаҳистон, муҳоҷират, литва, осиёи миёна, буҳрон, осиёи марказӣ
лаҳистон, муҳоҷират, литва, осиёи миёна, буҳрон, осиёи марказӣ
Ҳароси Лаҳистону Литва аз муҳоҷирони ғайриқонунии Осиёи Марказӣ
19:25 22.11.2021 (Навсозишуда: 21:11 22.11.2021) Лаҳистону Литва ба Аврупо ҳушдор доданд, ки ба мавҷи дуюми буҳрони муҳоҷиратӣ омода бошанд
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Мавҷи навбатии гурезаҳо имкон дорад, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ба вуҷуд биёяд, гуфт дар ин бора дар барномаи радиоии LRT Линас Линкявичюс, сафири муҳоҷират ва вазири корҳои хориҷии собиқи Литва.
Ба гуфтаи вай, паноҳандагон хатсайрҳои нав пайдо мекунанд ва тавассути Беларус ба Литва меоянд, зеро мақомоти ин кишвар "роҳҳои нави муҳоҷирати ғайриқонуниро ҷустуҷӯ доранд".
Барои пешгирии ин раванд Линкявичюс машварат бо Минскро зарур донист. Мақомоти ҳарду кишвар бояд дастаҷамъона роҳи раҳоӣ аз буҳрони муҳоҷиратиро ҷустуҷӯ намоянд.
Қаблан дар бораи мавҷи дуюми муҳоҷирон Матеуш Мораветский, нахуствазири Лаҳистон пас аз мулоқот бо ҳамтои литвагиаш Ингрида Симоните гуфта буд.
Ба ақидаи сиёсатмадор, ҷараёни навбатии муҳоҷиратро бояд аз Афғонистон интизор шуд. Вай гуфт, ки бархе аз паноҳандагон тавассути Русия ва Ӯзбекистон марзи Беларусу Лаҳистонро убур хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки аз аввали соли 2021 дар марзи Беларус ва Литва беш аз чаҳор ҳазор муҳоҷири ғайриқонуниро боздошт намудаанд. Ин назар ба соли 2020 50 маротиба зиёд аст.
Вилнюс мутмаин аст, ки буҳрони гурезаҳо як ҳамлаи омехта аз сӯйи Беларус ба Литва аст.
Аз аввали моҳи август ба ин сӯ нерӯҳои амниятии Литва монеи муътаризоне мешаванд, ки мехоҳанд марзи Беларусро ба мақсади Аврупо убур кунанд.