Дӯстиро ҳифз ва таҳким бояд кард: Мулоқоти вазирони тоҷику қирғиз дар Душанбе

© Дафтари матбуоти президенти ҶТСироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва вазири умури хориҷии Қирғизистон, Руслан Казакбоев,
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон  ва вазири умури хориҷии Қирғизистон, Руслан Казакбоев, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Руслан Казакбоев густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Казакбоев, ки барои иштирок дар муколамаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе қарор дорад, бо ҳамтои тоҷикаш вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботи дуҷонибаро баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, аломатгузории марз аз мавзуъҳои меҳварии меҳварии мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Казакбоев буд.
Манбаъ афзуд, ки дар масоили марзӣ вазирони умури хориҷӣ аз пешрафт дар кори гурӯҳҳои топографии ду кишвар ёдовар шуданд.
Ҷозеп Боррелл, ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният  (дар байн) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Дипломатҳои баландпояи Аврупо вориди Душанбе шуданд: Афғонистон аз мавзӯъҳои меҳварист
Сироҷиддин Муҳриддин изҳор доштааст, ки Тоҷикистон қатъан ҷонибдори ҳалли мусолиматомези тамоми масоили марзӣ бо назардошти манофеи миллии ду кишвар мебошад.
Барои таҳкими муносиботи ду кишвар қарор шудааст, ки ояндаи наздик муколамаи байниидоравӣ дар сатҳи ноибони вазирони умури хориҷӣ гузаронда шавад.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар охири мулоқот вазирон муҳим хонданд, ки дӯстию ҳамсоядории бисёрасра миёни ду кишвар ҳифз ва таҳким бахшида шавад.
Маврид ба зикр аст, 22 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар назар аст, ки аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот вазъи Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0