https://sputnik.tj/20211121/vakili-tojik-vaziri-sanoat-qabul-vaqt-judo-1043674487.html
Гилаи вакили тоҷик, ки вазири саноат барои қабулаш вақт ҷудо накардаст
Гилаи вакили тоҷик, ки вазири саноат барои қабулаш вақт ҷудо накардаст
Sputnik Тоҷикистон
Ғайрат Азиззода, вакили парлумони Тоҷикистон, аз он шикоят кард, ки бо вуҷуди талоши чандинбора натавонист ба қабули вазири саноат ва технологияҳои нав ноил шавад
2021-11-21T16:45+0500
2021-11-21T16:45+0500
2021-11-22T18:13+0500
дар тоҷикистон
парлумон
вакил
маҷлиси намояндагон
саноат
шаҳрвандон
қабул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032719298_0:0:3078:1731_1920x0_80_0_0_fd1bd4777ebde0771e3a7b396236e004.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Вакили мардумӣ зимни баррасии иловаҳо ба Қонун "Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат" дар парлумон вазири саноати кишварро ба эҳтироми тарафайн хонд. Ғайрат Азиззода дар ҷаласаи ахири парлумон дар хитоб ба Шералӣ Кабир, вазири саноати кишвар гуфт, 7-8 маротиба тавассути телефони ҳукуматӣ аз ӯ хоҳиш намудааст, ки барои қабулаш вақт ҷудо намояд. Шералӣ Кабир дар шарҳи қазия тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат, як бор телефонӣ бо вакил суҳбат доштааст, аммо бо сабабҳои объективию субъективӣ имкони мулоқот нашудааст. Ӯ бо ишора ба сафарҳои зиёдаш дар парлумон ваъда дод, ки вақт пайдо намуда, бо вакил суҳбат хоҳад кард. Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон бо дастури раисҷумҳур роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ бояд ҳар рӯзи шанбе бевосита шаҳрвандонро қабул кунанду барои расдагӣ ба муроҷиатҳояшон чораандешӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20211110/qabul-hafta-suhbat-rubarui-vaziri-tandurusti-aks-1043367971.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032719298_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_6a5a6b9caf3c0cecda0b806e9edd8803.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вакили парлумон, вазири саноат, қабул, шаҳрвандон
вакили парлумон, вазири саноат, қабул, шаҳрвандон
Гилаи вакили тоҷик, ки вазири саноат барои қабулаш вақт ҷудо накардаст
16:45 21.11.2021 (Навсозишуда: 18:13 22.11.2021) Ғайрат Азиззода, вакили парлумони Тоҷикистон аз он шикоят кард, ки бо вуҷуди талоши чандинбора натавонист ба қабули вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ноил шавад
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Вакили мардумӣ зимни баррасии иловаҳо ба Қонун "Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат" дар парлумон вазири саноати кишварро ба эҳтироми тарафайн хонд.
Ғайрат Азиззода дар ҷаласаи ахири парлумон дар хитоб ба Шералӣ Кабир, вазири саноати кишвар гуфт, 7-8 маротиба тавассути телефони ҳукуматӣ аз ӯ хоҳиш намудааст, ки барои қабулаш вақт ҷудо намояд.
"Ду бор ба қабулгоҳатон рафтам, ки маро қабул намоед. Аммо афсӯс, ки то ҳол… Хоҳиш мекунам, ки иззату эҳтиром дутарафа бошад", - овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Азиззода.
Шералӣ Кабир дар шарҳи қазия тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат, як бор телефонӣ бо вакил суҳбат доштааст, аммо бо сабабҳои объективию субъективӣ имкони мулоқот нашудааст. Ӯ бо ишора ба сафарҳои зиёдаш дар парлумон ваъда дод, ки вақт пайдо намуда, бо вакил суҳбат хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон бо дастури раисҷумҳур роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ бояд ҳар рӯзи шанбе бевосита шаҳрвандонро қабул кунанду барои расдагӣ ба муроҷиатҳояшон чораандешӣ намоянд.