Баъд аз шикаст аз Қазоқистон Тоҷикистон мавқеашро дар радабандии FIFA аз даст дод

© ФФТОлимпийская сборная Таджикистана (U-23)
Олимпийская сборная Таджикистана (U-23)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон дар радабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол мавқеяшро тағйир дод ва як зина ақиб рафтааст
ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Бар пояи ин радабандӣ, ки дар сомонаи ташкилот нашр шуд, Тоҷикистон миёни 210 кишвари ҷаҳон дар мақоми 115 нишастааст. Дар радабандии гузашта мунтахаби кишвар дар ҷойи 114 буд.
Тибқи нишондоди FIFA, яккачини Тоҷикистон бо 1152.56 имтиёз дар ин мақом ҷой гирифтааст.
Аз даст додани мавқеъ пас аз шикасти аз тими миллии Қазоқистон бо ҳисоби 1:0 сурат гирифт.
Қазоқистон айни ҳол дар ин радабандӣ дар зинаи 119-ум қарор дорад.
Люди идут мимо здания Международной федерации футбола (ФИФА) в Цюрихе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон 4 “қадам” пеш рафт
Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар радабандӣ холҳои худро аз даст доданд, вале дар ҳамон мавқеъашон боқӣ монданд: мутаносибан 84 ва 96-ум. Ва Туркманистон бошад, бидуни аз даст додани хол дар радабандии ФИФА ба зинаи 133-юм поин рафт.
Ёдовар мешавем, нишондиҳандаи беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги дастаҳои ҷаҳонӣ дар моҳи июли соли 2013 буд, ки ябора 40 зина боло рафта, дар ҷойи 106-ум қарор гирифта буд.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0