Халабонҳои низомии Русия дар Арманистон маҳораташонро нишон доданд - видео

Обуна шудан
Халабонҳои Русия дар Арманистон маҳорати олии идораи ҳавопаймоҳои низомиро намоиш доданд
Намоиши гуруҳи ҳавонавардии "Русские витязи" дар фурудгоҳи низомии Эребуни дар Ереван баргузор шуд. Дар навори нашршуда як гуруҳи иборат аз чор ҳавопаймо таҳти фармондеҳии Андрей Алексеев инъикос ёфтаанд.
Сарнишинҳо ба тамошобинон навъҳои гуногуни парвозро нишон доданд.
Дар баробари ин полковник Алекссев навъи хеле мушкили парвоз, ба истилоҳ "штопор" зимни ҳамлаи кунҷиро анҷом дод.
Маврид ба қайд аст, ки гуруҳҳои "Русские витязи" ва "Стрижи" аз ангуштшумор халабонҳое мебошанд, ки намудҳои мураккаби парвоз бо ҳавопаймоҳои қиркунандаи вазнинро анҷом медиҳанд. Маҳорати халабонҳои низомии Русия дар дохил ва хориҷи кишвар баланд арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0