Таронаи "Океан" ба сарояндаи тоҷик дар озмуни "Голос" пирӯзӣ овард - видео

Обуна шудан
Тагиров пас аз ҳунарнамоӣ изҳор дошт, ки баромад барояш зиёд ҳаяҷоновар буд
Илҳом Тагиров дар мавсими 10-уми барномаи вокалии телевизионии "Голос" дар Русия бо иҷроиши таронаи "Океан" аз эҷодиёти устодаш Дима Билан пирӯз шуд.
Тибқи талаботи озмун ӯ ин таронаро бо ҳарифаш Максим Завидия иҷро кард, аммо Дима Билан ҷавони тоҷикро барои ҳамкорӣ дар даврҳои минбаъда интихоб кард.
"Ин масъулияти калон аст, аввалан хароб накардан, дуюм, кушиш кардан барои иҷро дар сатҳи баланд, ки ин кор ва ин хеле душвор аст, — гуфт Тагиров, зимни суханронӣ пас аз баромад.
Ҷавони тоҷик дар озмуни "Голос"-и шабакаи 1-и Русия доваронро дар ҳайрат гузошт-видео
Аммо Тагиров аз баромад худ қаноатманд гаштааст, гарчанде, ки ба гуфтаи ҳакамон, дар се октава иҷро кардани суруд хеле душвор аст. Узви дуввуми дуэт Максим Завидия Илҳомро рақиби қавӣ хонд.
Ёдовар мешавем, ки овозхони тоҷик пас аз роҳёбӣ барномаи "Голос" гузашта, сароянда ва ҳунарпешаи рус Дима Биланро мураббии худ интихоб карда буд.
"Ба назари ман, мо як хелем, кори ӯ ба ман наздиктар аст", — интихоби худро шарх дод Тагиров.
"Ба устодат ҳасад мебарам": Ҷавони тоҷик ғолиби даври навбатии озмуни "Голос" шуд
Илҳом Тагиров 27 сол дорад ва зодаи шаҳри Турсунзода мебошад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, донанадаи чор забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ аст. Тавре худаш мегӯяд, маълумоти мусиқӣ надорад ва касе аз хонаводаашон санъаткор ҳам нест.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр дар Шабакаи аввали Русия мавсими 10-уми барномаи вокалии телевизионии "Голос" оғоз шуд.
Лентаи хабарҳо
0