https://sputnik.tj/20211120/kamera-telefon-pushond-1043657252.html
Чаро бояд камераи телефонро пӯшонд? Посухи коршинос
Чаро бояд камераи телефонро пӯшонд? Посухи коршинос
Sputnik Тоҷикистон
Зимни истифодаи телефон, шумо зери хатари ҳадафи назорати қаллобон шудан доред. Мутахассис гуфт чӣ гуна худро аз чунин ашхос муҳофизат бояд кард
2021-11-20T10:02+0500
2021-11-20T10:02+0500
2021-11-22T12:30+0500
бехатарӣ
технология
илм ва фанноварӣ
камера
телефон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102897/05/1028970520_0:96:1921:1176_1920x0_80_0_0_8e63af2740fd30b1494c3cc85ae0a4b9.jpg
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Барои муҳофизат аз қаллобон Шумо бояд камераи смартфони худро пӯшонед, гуфт Олга Соколова, як мақоми Оҷонсии таҳлили васоити ахбори иҷтимоии "Digital Guru". Ба гуфти вай, қаллобон метавонанд тавассути камераи телефони мобилӣ бо истифода аз барномаҳои мухталифи зараровар ба кори шумо халал расонанд. Барои муҳофизат аз чунин корҳои бад чанд роҳи ҳал вуҷуд дорад. Масалан, Шумо метавонед пардаҳои махсусро ҳам ба камера ва ҳам ба микрофон часпонед, аммо ин асбобҳо номукаммаланд. "Онҳо метавонанд сенсорҳои смартфонҳоро маҳкам кунанд, ки бо онҳо равшании экранро муайян мекунанд. Баъзе истеҳсолкунандагони телефон аллакай гаҷетҳои мобилӣ бо камераҳои пардадор пешниҳод кардаанд ва як истеҳсолкунандаи маъруфи чинӣ телефонҳое низ дорад, ки ҳангоми фаъол кардани режими камера дастгоҳ аз ҷояш мебарояд. Ҳамин тавр, Шумо ҳамеша метавонед фаҳмед, ки камера кай истифода мешавад", - гуфт Соколова. Мутахассис қайд кард, ки маҳдудияти истифодаи камера аз ҷониби барномаҳо низ бояд назорат карда шавад. Ин махсусан муҳим аст, вақте сухан дар бораи он барномаҳое меравад, ки аз онҳо кам истифода мешавад. Мавод дар асоси мақолаи "Известия" омода шудааст.
https://sputnik.tj/20210902/inson-metavonad-oyanda-peshgui-1042019057.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102897/05/1028970520_112:0:1807:1271_1920x0_80_0_0_b2342acd0dff41ab1e66a478d217468c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
камера, телефон, хатар,
Чаро бояд камераи телефонро пӯшонд? Посухи коршинос
10:02 20.11.2021 (Навсозишуда: 12:30 22.11.2021) Зимни истифодаи телефон эҳтимоли ҳадафи назорати қаллобон қарор гирифтан зиёд аст. Мутахассис гуфт, чӣ гуна худро аз чунин ашхос муҳофизат бояд кард
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Барои муҳофизат аз қаллобон Шумо бояд камераи смартфони худро пӯшонед, гуфт Олга Соколова, як мақоми Оҷонсии таҳлили васоити ахбори иҷтимоии "Digital Guru".
Ба гуфти вай, қаллобон метавонанд тавассути камераи телефони мобилӣ бо истифода аз барномаҳои мухталифи зараровар ба кори шумо халал расонанд.
Барои муҳофизат аз чунин корҳои бад чанд роҳи ҳал вуҷуд дорад. Масалан, Шумо метавонед пардаҳои махсусро ҳам ба камера ва ҳам ба микрофон часпонед, аммо ин асбобҳо номукаммаланд.
"Онҳо метавонанд сенсорҳои смартфонҳоро маҳкам кунанд, ки бо онҳо равшании экранро муайян мекунанд. Баъзе истеҳсолкунандагони телефон аллакай гаҷетҳои мобилӣ бо камераҳои пардадор пешниҳод кардаанд ва як истеҳсолкунандаи маъруфи чинӣ телефонҳое низ дорад, ки ҳангоми фаъол кардани режими камера дастгоҳ аз ҷояш мебарояд. Ҳамин тавр, Шумо ҳамеша метавонед фаҳмед, ки камера кай истифода мешавад", - гуфт Соколова.
Мутахассис қайд кард, ки маҳдудияти истифодаи камера аз ҷониби барномаҳо низ бояд назорат карда шавад.
Ин махсусан муҳим аст, вақте сухан дар бораи он барномаҳое меравад, ки аз онҳо кам истифода мешавад. Мавод дар асоси мақолаи "Известия" омода шудааст.