https://sputnik.tj/20211120/honkong-tojikiston-kriptovaluta-pul-1043667693.html
Талоши ширкатҳои Ҳонконг барои роҳандозии пули диҷиталӣ дар Тоҷикистон
Талоши ширкатҳои Ҳонконг барои роҳандозии пули диҷиталӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳонгконг қасд дорад дар Тоҷикистон коркарди криптовалюта ва ё пули диҷитагиро амалӣ кунад
2021-11-20T20:14+0500
2021-11-20T20:14+0500
2021-11-22T14:36+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳонконг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/12/1032847492_0:0:3165:1780_1920x0_80_0_0_eb074752a96be3dab8fa62d621f0bfb9.jpg
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ширкатҳои Ҳонгконг аз нияти ифтитоҳи намояндагӣ дар Тоҷикистон барои мавриди истифода қарор додани пули диҷиталӣ хабар доданд, гузориш медиҳад PR "Newswire".Созишнома дар бораи иҷрои тарҳи муштараки коркарди криптовалюта дар Тоҷикистонро якбора ду ширкати Ҳонгконг "Lion Group Holding" ва "New Full Rich" имзо кардаанд.Лоиҳа дар Тоҷикистон тавассути ширкати маҳаллии "Ganj Technology", ки мутааллиқ ба ширкати "New Full Rich" аст, амалӣ мешавад.Гуфта мешавад, ин лоиҳа аллакай аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ ва дастгирӣ шудааст.Қарор аст, дар яке аз минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон корхона таъсис шавад, ки дар он компютерҳои пуриқтидор ва дигар таҷҳизоти коркади пули диҷиталӣ овардаву насб мешаванд.Ҳамин тавр барои амалӣ кардани тарҳи "Lion Group Holding" ният дорад, 10 ҳазор мошини коркарди криптовалюта харад ва интизор меравад, ки дар як рӯз 3,38 биткоин кор кунад.Марҳилаи аввали сохтмони инфрасохтори рақамӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.Ташкилкунандагон интизор доранд, ки солона на камтар аз 25 миллион доллар фоида ба даст оранд.Дар оянда иқтидори корхона ду баробар зиёд шуда, даромад дар як шабонарӯз қариб 220 хазор долларро ташкил медихад.Уилсон Ванг, мудири кулли ин гурӯҳ гуфт, ки Тоҷикистон дорои манобеи нодири об аст, ки дар тавлиди пули рақамӣ нақши калидӣ дорад. Дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нархи нерӯи барқ низ хеле муҳим аст.
https://sputnik.tj/20210109/Oshkor-shudani-dahho-fardi-masruf-dar-tijorati-kriptovalyuta-dar-Tojikiston-1032595019.html
ҳонконг
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/12/1032847492_434:0:3165:2048_1920x0_80_0_0_8a943c6de62e5134d6d4b3f00ae26ff6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳонконг тоҷикистон криптовалюта пул
ҳонконг тоҷикистон криптовалюта пул
Талоши ширкатҳои Ҳонконг барои роҳандозии пули диҷиталӣ дар Тоҷикистон
20:14 20.11.2021 (Навсозишуда: 14:36 22.11.2021) Ширкатҳои Ҳонгконг қасд доранд, дар Тоҷикистон криптовалюта ва ё пули диҷиталиро роҳандозӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ширкатҳои Ҳонгконг аз нияти ифтитоҳи намояндагӣ дар Тоҷикистон барои мавриди истифода қарор додани пули диҷиталӣ хабар доданд, гузориш медиҳад PR "Newswire".
Созишнома дар бораи иҷрои тарҳи муштараки коркарди криптовалюта дар Тоҷикистонро якбора ду ширкати Ҳонгконг "Lion Group Holding" ва "New Full Rich" имзо кардаанд.
Лоиҳа дар Тоҷикистон тавассути ширкати маҳаллии "Ganj Technology", ки мутааллиқ ба ширкати "New Full Rich" аст, амалӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ин лоиҳа аллакай аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ ва дастгирӣ шудааст.
Қарор аст, дар яке аз минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон корхона таъсис шавад, ки дар он компютерҳои пуриқтидор ва дигар таҷҳизоти коркади пули диҷиталӣ овардаву насб мешаванд.
Ҳамин тавр барои амалӣ кардани тарҳи "Lion Group Holding" ният дорад, 10 ҳазор мошини коркарди криптовалюта харад ва интизор меравад, ки дар як рӯз 3,38 биткоин кор кунад.
Марҳилаи аввали сохтмони инфрасохтори рақамӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.
Ташкилкунандагон интизор доранд, ки солона на камтар аз 25 миллион доллар фоида ба даст оранд.
Дар оянда иқтидори корхона ду баробар зиёд шуда, даромад дар як шабонарӯз қариб 220 хазор долларро ташкил медихад.
Уилсон Ванг, мудири кулли ин гурӯҳ гуфт, ки Тоҷикистон дорои манобеи нодири об аст, ки дар тавлиди пули рақамӣ нақши калидӣ дорад.
Дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нархи нерӯи барқ низ хеле муҳим аст.