Ҳосили гандум дар Қазоқистон кам шуд: ба Тоҷикистон чӣ таъсир дорад?

© congerdesign / PixabayМука, архивное фото
Мука, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Обуна шудан
Қазоқистон назар ба нақшаи пешбинишуда 18,4 фоиз кам ғалла ҷамъоварӣ кардааст, ки ба гуфтаи коршиносон, ба нархи он таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Натиҷаҳои ниҳоии маъракаи ҷамъоварии ҳосил дар Қазоқистон 16,4 миллион тонна ғалла ҳисоб шудааст, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Ин нисбат ба давраи "қарантинӣ"-и соли 2020 (20,1 миллион тонна) 18,4 фоиз ва ҳатто аз натиҷаҳои соли 2019 (17,4 миллион тонна) камтар аст.
Вазорати кишоварзии Қазоқистон чунин натиҷаҳои ноумедкунандаро ба хушк омадани ҳаво рабт додааст. Масъулин умедвор буданд, ки дар сурати мусоид омадани обуҳаво имсол ҳосил ба сатҳи соли гузашта хоҳад расид.
Намояндаи расмии Иттиҳоди ғаллаи Қазоқистон Евгений Карабанов ҳам бар ин аст, ки барои қазоқистониҳо норасоии гандум нахоҳад шуд ва онҳо ҳамасола аз нақшаи талаботи дохилиро зиёдтар ба назар мегиранд, аммо нархи он боло меравад.
Мешки с мукой на ООО Душанбинский мукомольный комбинат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Вазорати кишоварзӣ сабаби гаронии ордро шарҳ дод
Ба гуфтаи ӯ, нархи ғалла баланд мешавад ва ин на танҳо аз хушксолӣ аст — нуриҳои минералӣ, воситаҳои муҳофизати растанӣ, тухмӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, сӯзишвории дизелӣ қимат мешаванд.
Номбурда гуфт, содироти ғалла ба Афғонистон, ки пул барои харид надорад, кам мешавад, аммо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар давраи пас аз пандемия ҳолаташон беҳтар шудааст, бештар хоҳад шуд.
Тоҷикистон аз воридкунандагони асосии гандум аз Қазоқистон мебошад, бинобар ин камбуди ҳосил ба болоравии нархи орду маҳсулоти нонӣ бетаъсир нахоҳад монд.
Продажа картофеля на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Аз картошка то гандуму сабзӣ: Вазорати кишоварзӣ натиҷаи ҳосили соли 2021- ро эълон кард
Абдуқодир Ятимов, сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки беш аз 90 дарсади гандуму орди воридотии Тоҷикистон аз Қазоқистон аст.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон танҳо ба ҳадди 50-60 фоизи талаботи ҷомеа гандуми мерӯёнад, боқӣ воридотӣ аст.
Бар асоси охирин додаҳо, соли равон ҷамъоварии умумии гандум 684,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 48,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Тоҷикистон дар сол наздик ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад.
Лентаи хабарҳо
0