https://sputnik.tj/20211118/putin-jilavgiri-vurud-panohandagon-afghoniston-1043628329.html
Путин хостори ҷилавгирӣ аз вуруди паноҳандагон аз Афғонистон шуд
Путин хостори ҷилавгирӣ аз вуруди паноҳандагон аз Афғонистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Путин пешгирии ҷараёни беназорати гурезаҳо аз Афғонистон ва террористонро муҳим хонд
2021-11-18T19:40+0500
2021-11-18T19:40+0500
2021-11-18T20:41+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
гуреза
владимир путин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1e/1043186748_0:63:3418:1986_1920x0_80_0_0_5b269f1ed4b702c4486bef12d5e75b5d.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Пешгирӣ аз ҷараёни беназорати гурезаҳо аз Афғонистон ва террористон муҳим аст, гуфт президенти Русия Владимир Путин. Ба гуфти вай, ҳаводиси Афғонистон зарурати чораҳои иловагии амниятӣ дар марзҳои ҷанубӣ ва кумак ба муттаҳидони Русияро тақозо мекунад. "Дар ин замина мо бояд фаъолиятро идома диҳем, то аз ҷараёни беназорати гурезаҳо ва вуруди террористону дигар унсурҳои ҷиноӣ ба марз ҷилавгирӣ кунем", - гуфт президент. Путин афзуд, дар назди мо вазифаи ҷиддие истодааст, бахусус пас аз хуруҷи Амрико."Бо идомаи тамос бо толибон мо бояд аз форматҳои машваратҳои Маскав ва "сегонаи васеъ" (Русия, ИМА, Чин ва Покистон) бо иштироки бозигарони калидии хориҷию ҳамсояҳои Афғонистон бо мақсади мусоидат ба истиқрори сулҳ дар ин кишвар ва тартиботи ҷамъиятӣ, безарар гардонидани сохторҳои террористию ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир истифода кунем”, - гуфт президенти Русия. Машваратҳои формати Маскав моҳи апрели соли 2017 таъсис шуда буданд. Он 11 кишварро дар бар мегирад, ки ба созиши Афғонистон манфиатдоранд. Инҳо Русия, Афғонистон, Чин, Покистон, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон мебошанд. Федератсияи Русия аз рӯи анъана Иёлоти Муттаҳидаро ба вохӯриҳои формати Маскав даъват мекунад, аммо Вашингтон на дар ҳамаи маҷлисҳо иштирок кардааст.Дар авоили моҳи август толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар аз поёни ҷанг эълом карданд. Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт. Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд. Авоили моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи ҳукмронии якуми гурӯҳ вазири корҳои хориҷй буд, эълон карда шуд.Ногуфта намонад, ки Муҳаммад Ҳасан Охунд таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20211118/tolibon-vladimir-putin-sipos-1043625012.html
https://sputnik.tj/20211118/safiri-rusiya-kobul-afghoniston-qahti-ravon-1043619561.html
https://sputnik.tj/20211027/tolibon-aholii-afghonistonro-sarshumori-1043121911.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1e/1043186748_345:0:3074:2047_1920x0_80_0_0_d2985fe5c65d2556d283ff86746bc113.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, афғонистон, шарҳ, ввазъ
владимир путин, афғонистон, шарҳ, ввазъ
Путин хостори ҷилавгирӣ аз вуруди паноҳандагон аз Афғонистон шуд
19:40 18.11.2021 (Навсозишуда: 20:41 18.11.2021) Путин пешгирии ҷараёни беназорати гурезаҳо ва террористон аз Афғонистонро муҳим хонд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Пешгирӣ аз ҷараёни беназорати гурезаҳо аз Афғонистон ва террористон муҳим аст, гуфт президенти Русия Владимир Путин. Ба гуфти вай, ҳаводиси Афғонистон зарурати чораҳои иловагии амниятӣ дар марзҳои ҷанубӣ ва кумак ба муттаҳидони Русияро тақозо мекунад.
"Он чӣ дар Афғонистон рух медиҳад, зарурати андешидани чораҳои иловагиро барои таъмини амнияти Русия дар марзҳои ҷанубӣ, расонидани кумак ба муттаҳидони мо - кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки Русияро кафили субот дар минтақа медонанд, тақозо мекунад", - гуфт Путин зимни суханронӣ дар нишасти васеи ВУХ.
"Дар ин замина мо бояд фаъолиятро идома диҳем, то аз ҷараёни беназорати гурезаҳо ва вуруди террористону дигар унсурҳои ҷиноӣ ба марз ҷилавгирӣ кунем", - гуфт президент.
Путин афзуд, дар назди мо вазифаи ҷиддие истодааст, бахусус пас аз хуруҷи Амрико.
"Бо идомаи тамос бо толибон мо бояд аз форматҳои машваратҳои Маскав ва "сегонаи васеъ" (Русия, ИМА, Чин ва Покистон) бо иштироки бозигарони калидии хориҷию ҳамсояҳои Афғонистон бо мақсади мусоидат ба истиқрори сулҳ дар ин кишвар ва тартиботи ҷамъиятӣ, безарар гардонидани сохторҳои террористию ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир истифода кунем”, - гуфт президенти Русия.
Машваратҳои формати Маскав моҳи апрели соли 2017 таъсис шуда буданд. Он 11 кишварро дар бар мегирад, ки ба созиши Афғонистон манфиатдоранд. Инҳо Русия, Афғонистон, Чин, Покистон, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон мебошанд.
Федератсияи Русия аз рӯи анъана Иёлоти Муттаҳидаро ба вохӯриҳои формати Маскав даъват мекунад, аммо Вашингтон на дар ҳамаи маҷлисҳо иштирок кардааст.
Дар авоили моҳи август толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар аз поёни ҷанг эълом карданд.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Авоили моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи ҳукмронии якуми гурӯҳ вазири корҳои хориҷй буд, эълон карда шуд.
Ногуфта намонад, ки Муҳаммад Ҳасан Охунд таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.