https://sputnik.tj/20211118/mintaqaho-rusiya-kvotaho-idora-1043617322.html
Минтақаҳои Русия квотаҳои корро барои муҳоҷирон худ танзим мекунанд
Минтақаҳои Русия квотаҳои корро барои муҳоҷирон худ танзим мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати меҳнат шумораи квотаҳо барои ҷалби коргарони хориҷӣ дар соли 2022 - ро эълон кард
2021-11-18T15:00+0500
2021-11-18T15:00+0500
2021-11-18T18:57+0500
муҳоҷират
буду бош
муҳоҷир
квота
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042966289_0:66:3073:1794_1920x0_80_0_0_2347aa873b2994ecdccd322aa632b8ae.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Вазорати меҳнати Русия пешниҳод кард, ки ба минтақаҳо имкони дубора тақсим кардани квотаҳои истифоданашуда барои ба кор қабул кардани муҳоҷирон дар байни худи корфармоён дода шавад. Дар баробари ин комиссияи махсусе "дар сурати тамом шудани захираи квотаҳо дар тамоми кишвар метавонад пешниҳоди субъектҳоро рад кунад". Вазорати меҳнат ёдовар шуд, коргарони хориҷие, ки барои будубош дар қаламрави Русия ба раводид ниёз доранд, тибқи квота вориди кишвар мешаванд. Шумораи квотаҳо ҳар сол аз нав муқаррар карда мешаванд.Зимнан тасмим дар бораи ба кор қабул кардани корманд тибқи квота танҳо дар ҳоле қабул мешавад, ки имкони дарёфти мутахассис дар дохили кишвар вуҷуд надошта бошад. Дар ҳамин ҳол квота барои ҷалби муҳоҷирони корӣ барои соли 2022 аллакай муқаррар шудааст. Он 85 дарсади пеш аз замони ҳамагириро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20211118/maskav-muhojiron-dast-mekashad-1043612223.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042966289_102:0:2833:2048_1920x0_80_0_0_3c56347299b26ce1860cea531734287f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорати мҳнат, муҳоҷирон, квотаҳо,
вазорати мҳнат, муҳоҷирон, квотаҳо,
Минтақаҳои Русия квотаҳои корро барои муҳоҷирон худ танзим мекунанд
15:00 18.11.2021 (Навсозишуда: 18:57 18.11.2021) Вазорати кор шумораи квотаҳо барои ҷалби коргарони хориҷӣ дар соли 2022-ро эълон кард
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Вазорати меҳнати Русия пешниҳод кард, ки ба минтақаҳо имкони дубора тақсим кардани квотаҳои истифоданашуда барои ба кор қабул кардани муҳоҷирон дар байни худи корфармоён дода шавад.
"Тибқи лоиҳаи фармон, субъектҳо метавонанд квотаро барои он корфармоёне, ки дар давоми шаш моҳ дар ҷиҳати сабти иҷозатнома муроҷиат накардаанд, ба фоидаи ширкатҳое, ки ба муҳоҷирон эҳтиёҷ доранд, коҳиш диҳанд", - шарҳ доданд дар шуъба.
Дар баробари ин комиссияи махсусе "дар сурати тамом шудани захираи квотаҳо дар тамоми кишвар метавонад пешниҳоди субъектҳоро рад кунад".
Вазорати меҳнат ёдовар шуд, коргарони хориҷие, ки барои будубош дар қаламрави Русия ба раводид ниёз доранд, тибқи квота вориди кишвар мешаванд. Шумораи квотаҳо ҳар сол аз нав муқаррар карда мешаванд.
Зимнан тасмим дар бораи ба кор қабул кардани корманд тибқи квота танҳо дар ҳоле қабул мешавад, ки имкони дарёфти мутахассис дар дохили кишвар вуҷуд надошта бошад.
Дар ҳамин ҳол квота барои ҷалби муҳоҷирони корӣ барои соли 2022 аллакай муқаррар шудааст. Он 85 дарсади пеш аз замони ҳамагириро ташкил медиҳад.