https://sputnik.tj/20211118/dushanbe-ronanda-jang-sakhovat-habs-1043619963.html
Дар Душанбе ду ронанда барои задухӯрд дар назди бозори "Саховат" ҳабс шуд
Дар Душанбе ду ронанда барои задухӯрд дар назди бозори "Саховат" ҳабс шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ошкор ва дарёфт намудани ин ду ронандаро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз кормандони милитсия тақозо намуданд
2021-11-18T16:45+0500
2021-11-18T16:45+0500
2021-11-18T19:34+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044741356_0:106:1632:1024_1920x0_80_0_0_cbd798f07d638234326358d8a78204a4.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар Душанбе ду ронанда аз ҷониби кормандони милиса дастгир ва ҳабс шуданд, хабар медиҳад Раёсати умури дохилӣ дар пойтахт.Бинобар хабари ин ниҳод, ронандаҳо чанд рӯз пеш дар назди истгоҳи бозори "Саховат" ҷангу ҷанҷол намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд. Зимнан корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу навор аз лаҳзаи задухӯрди ронандаҳо аз кормандони милиса хоҳиш намуданд, ки барои вайрон намудании оромӣ дар шаҳр нисбати онҳо чораҷӯӣ шавад.Манбаъ меафзояд, ҳар ду ронандаро кормандони милиса муайян ва дастгир намудаанд. Онҳо сокинони шаҳри Леваканд ва ноҳияи Вахш мебошанд, ки зимни як нофаҳмӣ дар Душанбе вориди муноқиша шудаанд.Раёсати умури дохилӣ қайд мекунад, ки нисбати ҳар ду тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.Дар асоси қарори додгоҳ ронандагон ба 5 шабонарӯзи ҳабс маҳкум шудаанд.
https://sputnik.tj/20210810/dushanbe-volidon-kudak-javobgari-1041529050.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044741356_251:51:1632:1087_1920x0_80_0_0_ededbb4b04dfba132933286ec459e90e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе рвуд боздошт
Дар Душанбе ду ронанда барои задухӯрд дар назди бозори "Саховат" ҳабс шуд
16:45 18.11.2021 (Навсозишуда: 19:34 18.11.2021) Ошкор ва дарёфти ин ду ронандаро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз кормандони милитсия тақозо намуданд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар Душанбе ду ронанда аз ҷониби кормандони милиса дастгир ва ҳабс шуданд,
хабар медиҳад Раёсати умури дохилӣ дар пойтахт.
Бинобар хабари ин ниҳод, ронандаҳо чанд рӯз пеш дар назди истгоҳи бозори "Саховат" ҷангу ҷанҷол намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд. Зимнан корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу навор аз лаҳзаи задухӯрди ронандаҳо аз кормандони милиса хоҳиш намуданд, ки барои вайрон намудании оромӣ дар шаҳр нисбати онҳо чораҷӯӣ шавад.
Манбаъ меафзояд, ҳар ду ронандаро кормандони милиса муайян ва дастгир намудаанд. Онҳо сокинони шаҳри Леваканд ва ноҳияи Вахш мебошанд, ки зимни як нофаҳмӣ дар Душанбе вориди муноқиша шудаанд.
Раёсати умури дохилӣ қайд мекунад, ки нисбати ҳар ду тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Дар асоси қарори додгоҳ ронандагон ба 5 шабонарӯзи ҳабс маҳкум шудаанд.