“Dubai Airshow-2021”: Хусусиятҳои ҷолиби Су-75-и Русия

© Sputnik / Александр Мельников / Гузариш ба медиабонкРоссийский истребитель пятого поколения Су-75 Checkmate
Российский истребитель пятого поколения Су-75 Checkmate - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Обуна шудан
Навтарин ҳавопаймои насли панҷуми Су-75 (Checkmate) ситораи намоишгоҳи байналмилалии аэрокайҳонии “Dubai Airshow-2021” дар АМА шуд.
Мутахассисони хориҷӣ аз суръат ва тӯли парвоз, падидории андаки радарӣ, қобилияти бесарнишинӣ ва рақобатпазирии он бо F-35-и амрикоӣ ба ҳайрат омаданд.
“Dubai Airshow-2021” нахустнамоиши хориҷии ҷангандаи сабуки Су-75 гардид, ки ҳадафи ниҳоии он касби мавқеи бартар дар осмону бозори ҷаҳонӣ ва ба қафо андохтани ҳавопаймоҳои амрикоии F-35 мебошад. Ин маҳсули Коргоҳи ҳавонавардии “Комсомолск”-и Амур сифати хуби ҷангӣ ва техникӣ дорад.
Ба гуфтаи тарроҳон, “Checkmate” қодир аст, бидуни сӯхтгирии муҷаддад то 3000 км масофаро тай кунад, то 2460 км-соат суръат дошта бошад, 7400 кг бори ҷангиро бардорад ва ҳамзамон то шаш ҳадафи ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминӣ, аз ҷумла болои дронҳои таҳоҷумӣ ва ҳавопаймоҳои насли панҷуми хориҷиро мавриди ҳамла қарор гирад.
Тактическое учения с боевой стрельбой на полигоне Ашулук - YouTube
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Пирӯзии Фаворит: мушакҳои Русия ҳавопаймоҳои душманро пахш карданд
Платформаи насли панҷуми русии Су-75 (Checkmate) меъмории боз дорад ва тақрибан 20-30 миллион доллар арзёбӣ мешавад, яъне 3-4 маротиба арзонтар аз F-35. Ёдовар мешавам, F-35-и амрикоӣ, ки аз ҷониби “Lockheed Martin” тавлид мешавад, солҳои тӯлоние истифода шудааст, аммо муҷаввизи парвози Пентагонро нагирифтааст, яъне он аз ҷониби нерӯҳои ҳавоии ИМА расман пазируфт нашудааст.
Юрий Слюсар, мудири кулли ширкати ҳавопаймоии "Сухой" қаблан гуфта буд, ки дар “Комсомолск”-и Амур тавлиди чанд намунаи ҷангандаи Су-75 оғоз шудааст. Ҳаҷми таъминот барои 15 соли оянда тахминан 300 адад ҳисоб шудааст. Ҳавопаймо барои содирот ба кишварҳои Африқо, Ҳиндустон ва Ветнам тавлид мешавад ва "муштарии аслӣ" муайян шудааст.
Ба гуфтаи коршиносон, ҳавопаймои нави радаргурези “Checkmate” дорои хароҷоти қобили қабул хоҳад буд ва дар даҳҳо кишвар ҷангандаҳои насли чаҳоруми Русия МиГ-29-ро иваз мекунад. Хушбинӣ комилан асоснок аст, зеро "Рособоронэкспорт" аллакай дархости таҳвили ҳавопаймоҳои гуногунро дар Дубай ба маблағи 2,5 миллиард доллар гирифтааст ва ин оғози ҷиддӣ аст. Сабади имрӯзаи фармоишҳо 180 адад чархбол, муодили 4 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

Ҳамоҳангии лутфу қудрат

Дар “Dubai Airshow-2021” Русия масъалаи таҳвили як ҳавопаймои нави насли панҷуми “Chekmate” ба кишварҳои Ховари Миёна ва Дуру Амрикои Лотиниро баррасӣ мекунад. Раҳбари Корпоратсияи ҳавопаймоҳои муттаҳидаи Русия Юрий Слюсар гуфт, ҳавопаймо аслан барои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ тарҳрезӣ шудааст. Вокуниши Иёлоти Муттаҳида фаҳмост, аммо Су-75 барои муштариёни эҳтимолӣ хеле ҷолиб аст, то амрикоиҳо дахолат кунанд.
Ин тарҳ бо дарназардошти таҷрибаи Сурия зеҳни сунъӣ, тағйироти идорашаванда ва бесарнишин, падидории андаки радарӣ, радиуси 1500-километрии ҷангӣ, суръати дубаробарии фавқ-ус-садоӣ, манёври беназир барои ҷангандаҳои сабуку миёна, иқтидори борбардории 7,4-тоннаӣ, муҳаррики то 16-тоннаиро шомил мешавад.
Малый ракетный корабль Гейзер, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Як мушак кифоя аст: нерӯҳои баҳрии Русия бо "силоҳи қотил" мусаллаҳ мешавад
Силоҳҳои “Checkmate” мушакҳои миёна ва кӯтоҳпарвози ҳаво ба ҳавову ҳаво ба замин, доираи васеи бомбҳои идорашавандаву идоранашаванда ва ғайраро дар бар мегиранд. Ҳангоми иҷрои вазифаҳои пинҳонӣ, ҷанганда қодир аст, ки дар қисмҳои дохилии худ то панҷ мушаки дурпарвози ҳаво ба ҳаворо интиқол диҳад. Бо истифода аз василаҳои таваққуфи беруна сарбории ҳадди аксар имконпазир аст. Радари ҳавоии Су-75 бо антеннаи фаъоли марҳилаӣ муҷаҳҳаз шудааст, ки ба он имкон медиҳад, то шаш ҳадафи ҳавоиро мавриди ҳамла қарор диҳаду то 30 ҳадафро пайгирӣ кунад.
Шабеҳсозии бесарнишинии он на арҷгузорӣ ба мӯд, балки як зарурати ҷиддӣ, шарти тавсеаи доираи техникаи тактикӣ, истифодаи Су-75 дар амалиёти низомӣ аст. Ҷанганда мубодилаи маълумот, ҳидояти дигар маҷмуаҳои ҳавонавардӣ ва ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин болои ҳадафро меомӯзад. Гуфта мешавад, “Checkmate” "арзиши ниҳоят рақобатпазир дорад". Барои муқоиса ба маблағи 30 миллион доллар шумо метавонед тақрибан нисфи ҳавопаймои насли чоруми амрикоии F-16-ро харидорӣ кунед. Кам кардани арзиши истеҳсоли Су-75 тавассути идғоми ҷангандаҳои Су-35 ва Су-57 иттифоқ меуфтад.

"Зарбаи сахт"-е барои ИМА

Хусусиятҳои беназири парвоз, муассирии ҷангӣ ва нархи дастраси ҳавопаймои якмуҳаррикии Су-75 боис мешавад, Русия бозори байналмилалии силоҳро аз соли 2026, вақте ки истеҳсоли силсилаи бузург оғоз мешавад, ёбад тасхир намояд. Дар Аврупо "Cheme"-и Русия аллакай "зарбаи ҷиддӣ"-е барои Иёлоти Муттаҳида эътироф шудааст ва Вашингтон ба далели Су-75 "дарди сар" хоҳад дошт. Бартарӣ барои қувваҳои ҳарбии ҳавоии ИМА "вазифаи хеле душвортар" шуда истодааст ва бо таваҷҷуҳ ба дурнамои 40-солаи оянда сари он андеша кардан лозим аст.
Зенитно-ракетная система С-300. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2019
Русия дар Тоҷикистон мушакҳои С-300-ро наздикии марзи Афғонистон насб кард
Нашрияи махсуси амрикоии “Military Watch Magazine” ҳавопаймои нави русии Су-75-ро "асари ҳунар" номидааст ва ин муболиға нест. Ҳавопаймоҳои боэътимод ва тавонои Русия ба таври анъанавӣ дар ҷаҳон талабгори зиёд доранд. Русия на танҳо силоҳи технологӣ содир мекунад, балки сирри истеҳсол, нигоҳдорӣ, таъмир ва соҳибихтиёриро низ ба уҳда дорад.
Ҳаҷми умумии тавлиди Русия, ки тавассути ҳамкориҳои низомиву фаннӣ фармоиш дода мешавад, имрӯз ба 52 миллиард доллар мерасад. Дар ҳафт соли оянда Русия тасмим гирифтааст, ки то 50 навъи нави аслиҳа, аз ҷумла беш аз 20 модели ҳавопаймо ва даҳ системаи дифои ҳавоӣ ба бозори ҷаҳонӣ ворид кунад.
Маскав ният дорад, ки 10%-и бозори ҷаҳонии ҳавопаймоҳои бесарнишинро бо роҳи осоишта забт кунад. Дар ин замина Су-57 аз даст нахоҳад рафт, баръакс он аломати хоси маҷмуаи саноати дифоии Русия хоҳад шуд, ба қобилияти мудофиавии шарикони Федератсияи Русия ва таҳкими нерӯи низомию ҳифзи субот ба таври кофӣ хидмат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0