https://sputnik.tj/20211118/barkanori-kormand-qoidaho-behdoshti-kushoniyon-1043629422.html
Барканории 17 корманд ба далели риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ дар Кӯшониён
Барканории 17 корманд ба далели риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ дар Кӯшониён
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Кӯшониёни вилояти Хатлон азаз ҷаримаи 195 нафар ва барканор намудани 17 корманд ба хотири риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ эълон кард
2021-11-18T21:20+0500
2021-11-18T21:20+0500
2021-11-18T21:20+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
барканор
ҷарима
хатлон
беҳдошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/75/1031517563_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_b2084d7af14c1f205e41d4ed5fc3cc78.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Карим Саидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон эълон кард, ки марказ 17 нафар кормандро барои риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ аз кор озод кард, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.Манбаъ хабар додааст, ки кормандони рондашуда аз дӯкону мағозаҳо ва ташкилоту идораҳо мебошанд.Ҳамзамон, тибқи иттилои манбаъ, дар 10 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони марказ 325 бор санҷиши нақшавиву ғайринақшавӣ гузаронида шуда, 195 нафаре, ки қоидаҳои санитарию эпидемиологиро риоя намекарданд, ба мабалағи 34 ҳазору 680 сомонӣ ҷарима шуданд.“16 мактуб ба мақомоти қудратӣ фиристода шуд”, - гуфт Карим Саидов.Сардори Маркази назорати давалтии санитарию эпидемиологии ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон илова кардааст, ки кори 15 иншоотро барои риоя накардани ҳолати санитарӣ то бартараф кардани камбудиҳояшон боздошта, инчунин 17 нафарро аз кор озод кардаанд.Манбаъ иттилоъ дод, ки дар давоми 10 моҳи соли равон 12 нафарро барои истифода накардани ниқоби тиббӣ 120 сомонӣ ҷарима кардаанд ва маҷмуи ҷароим аз ин ҳисоб дар ин давра ба як ҳазору 440 сомонӣ расидааст.
https://sputnik.tj/20211028/koronavirus-muhofizat-mekunad-1043139977.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/75/1031517563_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_4eab62b4ee50d2623eb2d32e093ebcc1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, кӯшониён, барканорӣ, беҳдоштӣ, қоида
тоҷикистон, хатлон, кӯшониён, барканорӣ, беҳдоштӣ, қоида
Барканории 17 корманд ба далели риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ дар Кӯшониён
Мақомоти Кӯшониёни вилояти Хатлон аз ҷаримаи 195 нафар ва барканории 17 корманд ба хотири риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ эълон кард
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Карим Саидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон эълон кард, ки марказ 17 нафар кормандро барои риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ аз кор озод кард, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Манбаъ хабар додааст, ки кормандони рондашуда аз дӯкону мағозаҳо ва ташкилоту идораҳо мебошанд.
Ҳамзамон, тибқи иттилои манбаъ, дар 10 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони марказ 325 бор санҷиши нақшавиву ғайринақшавӣ гузаронида шуда, 195 нафаре, ки қоидаҳои санитарию эпидемиологиро риоя намекарданд, ба мабалағи 34 ҳазору 680 сомонӣ ҷарима шуданд.
“16 мактуб ба мақомоти қудратӣ фиристода шуд”, - гуфт Карим Саидов.
Сардори Маркази назорати давалтии санитарию эпидемиологии ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон илова кардааст, ки кори 15 иншоотро барои риоя накардани ҳолати санитарӣ то бартараф кардани камбудиҳояшон боздошта, инчунин 17 нафарро аз кор озод кардаанд.
Манбаъ иттилоъ дод, ки дар давоми 10 моҳи соли равон 12 нафарро барои истифода накардани ниқоби тиббӣ 120 сомонӣ ҷарима кардаанд ва маҷмуи ҷароим аз ин ҳисоб дар ин давра ба як ҳазору 440 сомонӣ расидааст.