https://sputnik.tj/20211118/afghoniston-darmongoh-doruvori-basta-1043614103.html
Дар Афғонистон 34 дармонгоҳ ба далели набуди доруворӣ баста шуд
Дар Афғонистон 34 дармонгоҳ ба далели набуди доруворӣ баста шуд
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз қатъи ирсоли кумакҳо аз ҷониби Бонкии Ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба бахши беҳдошти Афғонистон дари дастикам 34 беморхона баста шуд 18.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-18T13:30+0500
2021-11-18T13:30+0500
2021-11-18T17:55+0500
афғонистон
тандурустӣ
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/12/1043613478_0:201:2926:1847_1920x0_80_0_0_c1a8bf08f4ae3e12990e110cb556ed92.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар Афғонистон 34 дармонгоҳ комилан баста шуд, хабар медиҳад "TOLOnews". Ин кор пас аз он сурат гирифт, ки Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ аз идомаи ирсоли кумакҳо ба бахши тандурустии Афғонистон даст кашиданд.Абдулбарӣ Умар, муовини вазири тандурустии ҳукумати толибон ба манбаи мазкур гуфтааст, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ ваъда дода буданд, ки то соли 2024 бахши тандурустии Афғонистонро дастгирӣ ва пайваста кумак мекунанд. Аммо ӯ иддао дорад, ки Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ ваъдаи худро иҷро накарданд.Гуфта мешавад, авҷи коронавирус ба дармонгоҳҳо сарбории зиёд овард ва ба далели мавҷуд набудани доруворӣ беморхонаҳо баста шуданд.Дар ҳамин ҳол феълан Маркази тиббии Афғонистону Ҷопон дар шаҳри Кобул фаъол аст ва аз тамоми манотиқи ин кишвар гирифторони коронавирус барои табобат ба ин дармонгоҳ меоянд. Аммо ба далели пардохт нашудани маоши табибон аксари онҳо корпартоӣ кардаанд.Сардухтури ин беморхона мегӯяд, муроҷиати беморон ҳоло бесобиқа аст ва эҳтимол дар ояндаи наздик имкононти ин дармонгоҳҳо ҳам тамом шавад.
https://sputnik.tj/20211118/rusiya-afghoniston-kumak-1043610857.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/12/1043613478_99:0:2828:2047_1920x0_80_0_0_e36af3d5f2a5b20ca3afd0d333355cdc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, тандурустӣ, осиёи марказӣ
афғонистон, тандурустӣ, осиёи марказӣ
Дар Афғонистон 34 дармонгоҳ ба далели набуди доруворӣ баста шуд
13:30 18.11.2021 (Навсозишуда: 17:55 18.11.2021) Пас аз қатъи ирсоли кумакҳо аз ҷониби Бонкии Ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба бахши беҳдошти Афғонистон дари дастикам 34 беморхона баста шуд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар Афғонистон 34 дармонгоҳ комилан баста шуд, хабар медиҳад "TOLOnews".
Ин кор пас аз он сурат гирифт, ки Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ аз идомаи ирсоли кумакҳо ба бахши тандурустии Афғонистон даст кашиданд.
Абдулбарӣ Умар, муовини вазири тандурустии ҳукумати толибон ба манбаи мазкур гуфтааст, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ ваъда дода буданд, ки то соли 2024 бахши тандурустии Афғонистонро дастгирӣ ва пайваста кумак мекунанд. Аммо ӯ иддао дорад, ки Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ ваъдаи худро иҷро накарданд.
Гуфта мешавад, авҷи коронавирус ба дармонгоҳҳо сарбории зиёд овард ва ба далели мавҷуд набудани доруворӣ беморхонаҳо баста шуданд.
Дар ҳамин ҳол феълан Маркази тиббии Афғонистону Ҷопон дар шаҳри Кобул фаъол аст ва аз тамоми манотиқи ин кишвар гирифторони коронавирус барои табобат ба ин дармонгоҳ меоянд. Аммо ба далели пардохт нашудани маоши табибон аксари онҳо корпартоӣ кардаанд.
Сардухтури ин беморхона мегӯяд, муроҷиати беморон ҳоло бесобиқа аст ва эҳтимол дар ояндаи наздик имкононти ин дармонгоҳҳо ҳам тамом шавад.