https://sputnik.tj/20211117/tavofuqi-vazorathoi-khorijai-eron-afghoniston-ravobit-1043586911.html
Тавофуқи вазоратҳои хориҷаи Эрон ва Афғонистон барои тақвият равобит ду кишвар
Тавофуқи вазоратҳои хориҷаи Эрон ва Афғонистон барои тақвият равобит ду кишвар
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи гурӯҳи толибон дар як баёнияе гуфтаанд, ки дар ҷараёни музокирот дар Кобул вазоратҳои хориҷаи Эрон ва Афғонистон барои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар ба тавофуқ расиданд
2021-11-17T09:45+0500
2021-11-17T09:45+0500
2021-11-17T13:06+0500
афғонистон
эрон
ҳамкорӣ
осиёи марказӣ
равобит
тақвият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991241_0:298:3007:1989_1920x0_80_0_0_3ecf3aeca91d79cf9186a0b211d551b8.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ҳасани Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи Вазорати умури хориҷии Эрон дар Кобул бо намояндагони ҳукумати толибон дидору гуфтугӯ кард ва дар ин дидор масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, муҳоҷират ва рушди ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.Дар баёнияи толибон омадааст, "афғонистониҳо ва давлати ҷадиди Афғонистон равобит хубе бо Эрон доранд ва талош мекунанд, то ин равобитро беҳбуд бахшанд. Мо гурӯҳҳои фаннӣ ташкил додаем, ки ба баррасии мавзуоте, ки дар назар гирифтаем, идома хоҳем дод ва умедворем, ин гурӯҳҳо бештар тақвият шаванд".Ёдовар мешавем, дар авоили моҳи август толибон ҳамлаҳои худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, 15 август вориди шаҳри Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.Дар ду ҳафтаи охири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул бо ҳимояти Амрико шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо кор мекарданд, ба кишварҳои дигар интиқол дода шуданд.Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро комилан тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.Дар авоили моҳи сентябр гурӯҳи толибон ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистонро эълон карданд.
https://sputnik.tj/20210908/nigaronii-eron-hukumati-navi-tolibon-afghoniston-1042132263.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991241_275:0:3006:2048_1920x0_80_0_0_d98ab2232ba8fbc121f8310147c82e45.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, афғонистон, эрон, равобит, тақвият, ҳамкорӣ
толибон, афғонистон, эрон, равобит, тақвият, ҳамкорӣ
Тавофуқи вазоратҳои хориҷаи Эрон ва Афғонистон барои тақвият равобит ду кишвар
09:45 17.11.2021 (Навсозишуда: 13:06 17.11.2021) Вазорати умури хориҷаи гурӯҳи толибон дар як баёнияе гуфтаанд, ки дар ҷараёни музокирот дар Кобул вазоратҳои хориҷаи Эрону Афғонистон барои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар ба тавофуқ расиданд
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ҳасани Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи Вазорати умури хориҷии Эрон дар Кобул бо намояндагони ҳукумати толибон дидору гуфтугӯ кард ва дар ин дидор масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, муҳоҷират ва рушди ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.
Дар баёнияи толибон омадааст, "афғонистониҳо ва давлати ҷадиди Афғонистон равобит хубе бо Эрон доранд ва талош мекунанд, то ин равобитро беҳбуд бахшанд. Мо гурӯҳҳои фаннӣ ташкил додаем, ки ба баррасии мавзуоте, ки дар назар гирифтаем, идома хоҳем дод ва умедворем, ин гурӯҳҳо бештар тақвият шаванд".
Ёдовар мешавем, дар авоили моҳи август толибон ҳамлаҳои худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, 15 август вориди шаҳри Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Дар ду ҳафтаи охири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул бо ҳимояти Амрико шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо кор мекарданд, ба кишварҳои дигар интиқол дода шуданд.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро комилан тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Дар авоили моҳи сентябр гурӯҳи толибон ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистонро эълон карданд.