Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

"Сомон эйр" парвозҳоро аз Самара ба Душанбе оғоз кард

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Somon Air, P4-TAJ, Boeing 737-93Y ERСамолет компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Обуна шудан
Ширкати ватании "Сомон эйр" ҳафтае як маротиба аз Самара ба Душанбе парвоз анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Аз моҳи ноябри соли ҷорӣ дар масири Самара - Душанбе боз як ширкати ҳавопаймоӣ парвоз анҷом медиҳад, менависад "Samru".
Ин ширкати ватании "Сомон -эйр" аст, ки минбаъд ба мусофирон дар самти мазкур хидмат мерасонад.
Гуфта мешавад, ширкати тоҷикистонӣ ҳафтае як маротиба бо ҳавопаймои "Boeing -737" аз фурудгоҳи "Курумоч"-и Самара ба Душанбе парвозро анҷом медиҳад.
Самолёт авиакомпании ЮТэйр. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Парвозҳо аз Сургут ба Тоҷикистон барқарор шуданд
Вақти парвоз аз Самара соати 12:05 ва аз Душанбе 08:00 арзёбӣ мешавад. Муддатзамони парвоз 3 соату 20 дақиқаро ташкил мекунад.
Бояд зикр намуд, ки қаблан дар ин самт танҳо ширкати ҳавопаймоии "Уралский авиалинии" парвоз мекард. Ин ширкат ҳафтае се бор аз Самара ба Душанбе парвоз мекунад.
Лентаи хабарҳо
0