https://sputnik.tj/20211117/prezident-imzo-haydarzodva-sattorzoda-istefo-1043605144.html
Президент имзо кард: Ҳайдарзода ва Сатторзода ихтиёран аз мақомашон истеъфо доданд
Президент имзо кард: Ҳайдарзода ва Сатторзода ихтиёран аз мақомашон истеъфо доданд
Sputnik Тоҷикистон
Ду додрас дар Тоҷикистон ихтиёран аз мақомашон истеъфо додаанд
2021-11-17T19:30+0500
2021-11-17T19:30+0500
2021-11-17T19:34+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
истеъфо
додрас
судяҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043261055_0:26:3077:1757_1920x0_80_0_0_1e738ab2ce31ed0e659513f9c062b552.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон истеъфои ду додраси ҷумҳуриро қабул кард. Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон Ҳайдарзода Зокир Анварро аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва Сатторзода Ҳотамшо Раҷабро аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод кардааст. Дар фармони президент, ки 17 ноябр имзо шуд, таъкид гардидааст, Ҳайдарзода ва Сатторзода бо хоҳиши худашон аз мақом озод карда шуданд. Сабаби истеъфои додрасҳо аз мақом зикр нашудааст. Дар Тоҷикистон кам иттифоқ меафтад, ки мансабдоре ихтиёран аз вазифа истеъфо диҳад. Додрасҳоро дар Тоҷикистон президент таъйину барканор мекунад ва аксаран судяҳо бо сабаби гузаштан ба мақоми дигар, расидан ба синни нафақа ва даст задан ба кирдори ҷиноӣ аз вазифаашон барканор мегарданд. Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон зарурати тоза сохтани мақомоти додгоҳиро аз шахсони тасодуфӣ таъкид намуда, дастур дода буд, ки дар масъалаи интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва пешниҳоди номзадҳо ба вазифаи судягӣ донишу маҳорат ва сифатҳои ахлоқии онҳо мавриди омӯзишу санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шавад.
https://sputnik.tj/20211117/barkanori-jabbori-qosim-nazarshozoda-vanj-roshtqala-1043601608.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043261055_306:327:2598:2046_1920x0_80_0_0_3f312e2a455a57189988ed8a0ea1e8d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
истеъфо, додрас, мақом, эмомалӣ раҳмон, имзо
истеъфо, додрас, мақом, эмомалӣ раҳмон, имзо
Президент имзо кард: Ҳайдарзода ва Сатторзода ихтиёран аз мақомашон истеъфо доданд
19:30 17.11.2021 (Навсозишуда: 19:34 17.11.2021) Ду додрас дар Тоҷикистон ихтиёран аз мақомашон истеъфо додаанд
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон истеъфои ду додраси ҷумҳуриро қабул кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон Ҳайдарзода Зокир Анварро аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва Сатторзода Ҳотамшо Раҷабро аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод кардааст.
Дар фармони президент, ки 17 ноябр имзо шуд, таъкид гардидааст, Ҳайдарзода ва Сатторзода бо хоҳиши худашон аз мақом озод карда шуданд.
Сабаби истеъфои додрасҳо аз мақом зикр нашудааст. Дар Тоҷикистон кам иттифоқ меафтад, ки мансабдоре ихтиёран аз вазифа истеъфо диҳад.
Додрасҳоро дар Тоҷикистон президент таъйину барканор мекунад ва аксаран судяҳо бо сабаби гузаштан ба мақоми дигар, расидан ба синни нафақа ва даст задан ба кирдори ҷиноӣ аз вазифаашон барканор мегарданд.
Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон зарурати тоза сохтани мақомоти додгоҳиро аз шахсони тасодуфӣ таъкид намуда, дастур дода буд, ки дар масъалаи интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва пешниҳоди номзадҳо ба вазифаи судягӣ донишу маҳорат ва сифатҳои ахлоқии онҳо мавриди омӯзишу санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шавад.