https://sputnik.tj/20211117/gustarishi-hamkori-gardishgarii-tojikistonu-qatar-1043595934.html
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар соҳаи гардишгарӣ
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар соҳаи гардишгарӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон бо раиси Муассисаи фарҳангӣ ва туристии Қатар дидору гуфтугӯ кард.
2021-11-17T15:35+0500
2021-11-17T15:35+0500
2021-11-17T18:54+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
қатар
гардишгарӣ
сайёҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102799/85/1027998585_0:43:1920:1123_1920x0_80_0_0_9cffe695484d9eba7e48cb25cc77cd1c.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Холид Иброҳим Ас-Сулайти, раиси Муассисаи фарҳангӣ ва туристии Қатар дар Доҳа дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумитаи рушди сайёҳӣ.Тибқи иттилои манбаъ, тарафайн дар ин мулоқот дар мавриди таҳияи барномаҳо барои созмондеҳии рӯйдодҳои муштарак бо ҳадафи муаррифии фурсатҳои гардишгарии кишварҳои якдигар, барпоии намояндагиҳои гардишгарӣ, саноеи дастӣ ва дигар барномаҳои фарҳангӣ дар ояндаи наздик тавофуқ карданд.Ҳайати Тоҷикистон бо раёсати раиси Кумитаи рушди гардишгарӣ дар намоишгоҳи байналмилалии туристии “Qatar Travel Mart 2021”, ки дар Доҳа оғоз ва то 18 ноябр идома меёбад, ширкат мекунад.Тибқи гузориши Кумитаи рушди сайёҳӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 234 ширкати сайёҳӣ соҳиби иҷозатномаи фаъолият аст. Аз ин теъдод 30 ширкати гардишгарӣ соли 2020 ва 24 ширкат имсол таъсис ёфтааст.Бояд қайд кард, ки дар солҳои гузашта даромади бахши сайёҳӣ 205-230 миллион доллар дар сол ё 2,5 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилиро ташкил медод, аммо дар соли 2020 милодӣ ин шохис ба як дарсад аз тавлиди нохолиси дохилӣ коҳиш ёфта, 72,6 миллион долларро ташкил додааст.Дар натиҷаи пандемия даромади ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, пансионатҳо, тарабхонаҳо ва муассисаҳои хӯроки умумӣ, инчунин аҳолӣ, ки ба сайёҳон хидмат мерасонанд, хеле коҳиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20210917/tavseai-hamkoriho-dar-bakhshi-gardishgari-miyoni-tojikistonu-eron-1042340140.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102799/85/1027998585_213:0:1920:1280_1920x0_80_0_0_96982960d7b3eafd59fedbdb23a2d8b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қатар, доха, гардишгарӣ, саёҳӣ, фарҳанг
тоҷикистон, қатар, доха, гардишгарӣ, саёҳӣ, фарҳанг
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар соҳаи гардишгарӣ
15:35 17.11.2021 (Навсозишуда: 18:54 17.11.2021) Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон бо раиси Муассисаи фарҳангӣ ва туристии Қатар дидору гуфтугӯ кард.
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Холид Иброҳим Ас-Сулайти, раиси Муассисаи фарҳангӣ ва туристии Қатар дар Доҳа дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, тарафайн дар ин мулоқот дар мавриди таҳияи барномаҳо барои созмондеҳии рӯйдодҳои муштарак бо ҳадафи муаррифии фурсатҳои гардишгарии кишварҳои якдигар, барпоии намояндагиҳои гардишгарӣ, саноеи дастӣ ва дигар барномаҳои фарҳангӣ дар ояндаи наздик тавофуқ карданд.
Ҳайати Тоҷикистон бо раёсати раиси Кумитаи рушди гардишгарӣ дар намоишгоҳи байналмилалии туристии “Qatar Travel Mart 2021”, ки дар Доҳа оғоз ва то 18 ноябр идома меёбад, ширкат мекунад.
Тибқи гузориши Кумитаи рушди сайёҳӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 234 ширкати сайёҳӣ соҳиби иҷозатномаи фаъолият аст. Аз ин теъдод 30 ширкати гардишгарӣ соли 2020 ва 24 ширкат имсол таъсис ёфтааст.
Бояд қайд кард, ки дар солҳои гузашта даромади бахши сайёҳӣ 205-230 миллион доллар дар сол ё 2,5 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилиро ташкил медод, аммо дар соли 2020 милодӣ ин шохис ба як дарсад аз тавлиди нохолиси дохилӣ коҳиш ёфта, 72,6 миллион долларро ташкил додааст.
Дар натиҷаи пандемия даромади ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, пансионатҳо, тарабхонаҳо ва муассисаҳои хӯроки умумӣ, инчунин аҳолӣ, ки ба сайёҳон хидмат мерасонанд, хеле коҳиш ёфтааст.