Дар Тоҷикистон барфи аввал борид

© Sputnik / Амир ИсаевПервый снег в Душанбе
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Обуна шудан
Дар Душанбе ва Хуҷанд имсол пеш аз оғози фасли сармо барф борид
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Барфи аввал дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд субҳи 17-уми ноябр борид. Ба фарқ аз солҳои пеш имсол қабл аз оғози фасли сармо дар Тоҷикистон барфрезӣ шуд.
Зимнан шабакаи иҷтимоии "Facbook" пур аз аксу видеоҳои барфрезӣ дар Душанбе ва Хуҷанд аст.
Корбарон бо гузоштани аксу видео ҳамдигарро бо боридани барфи нахуст табрик ва аз ҳамдигар туҳфаи барфӣ талаб мекунанд.
Барфи аввал дар маркази Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан Ожонси ҳавшиносӣ хабар дода буд, рӯзҳои 17-18 ноябр барф меборад.
Масъулин инчунин таъкид карда буданд, ки дар баробари ин дар баъзе ноҳияҳо ва минтақаҳои кишвар меғ мефарояд. Аз шаҳрвандон даъват шуд, ки зимни сафар дар чунин шароит эҳтиёткор бошанд.
Сокинон мегӯянд, барфи аввал пойтахтро сафедпӯш кардаву гулгашту ҷодаҳоро намои афсонавӣ бахшида. Аммо аллакай дар нимаи рӯз дар бисёре аз роҳравҳо барф об шудааст.
Лентаи хабарҳо
0