“Тоҷикони хатарнок"-и толиб: бо Фасеҳуддину Наҷиб чӣ рух дод?

© сафҳаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣМавлавӣ Амонуддин ва Мавлавӣ Наҷиб
Мавлавӣ Амонуддин ва Мавлавӣ Наҷиб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Обуна шудан
Толибон хонаводаи Қорӣ Фасеҳуддинро ба гаравгон гирифта, Мавлавӣ Наҷиби Роғиро аз вазифааш сабукдӯш кардаанд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Аввалӣ сардори Ситоди кулли артиш аст ва дуввумӣ фармондеҳи ливо (бригада)-и муҳофизатии Вазорати дифои иморати исломии толибон буд.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон аз як фарди наздик ба Мулло Яъқуб, вазири дифои толибон нақли қавл кард, ки хонаводаи Қорӣ Фасеҳуддин, ба шумули ҳамсар, додарарӯс ва се фарзандаш ҳанӯз қабл аз таъйин шудани ӯ ба вазифа дар моҳи сентябр бояд аз Покистон, дақиқан, шаҳри Кветта, маркази музофоти Балучистон ба Кобул ё Бадахшон интиқол меёфт, аммо онҳоро ба шаҳри Карочи, маркази маъмурии музофоти Синди он кишвар бурданд.

"Баҳона ин буд, ки хонаводаи ӯ дар Бадахшону Кобул дар амният нахоҳанд буд, аммо Созмони истихбороти Покистон (ISI) амалан онҳоро ҳамчун гаравгон барои толибон нигоҳ медорад", - гуфт манбаъ.

Қорӣ Фасеҳуддин дар гузашта волии номниҳод, фармондеҳи умумии толибон ва ҷангиёни созмонҳои террористии хориҷӣ дар Бадахшон буда, ҳоло матраҳтарин низомии тоҷик ё ғайрипаштун дар ҳукумати толибон ба шумор меравад ва фармондеҳии ин гурӯҳ дар шимолу шарқро ба зимма дорад.
Вай моҳи сентябр дар ҳукумате, ки толибон эълон карданд, ба курсии сардори Ситоди кулли Вазорати дифои Афғонистон нишаста буд.

“Чӣ ҳақ дорӣ?”

Дар ҳамин ҳол ҳамшаҳрии дигари ӯ Мавлавӣ Наҷиби Роғӣ, ки моҳи равон фармондеҳи ливои муҳофизати Вазорати дифои толибон таъйин шуда буд, аз вазифа барканор шудааст.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон, ки яке аз наздикони Мавлавӣ Наҷиб аст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вай пас аз таъйин шуданаш ҳудуди 300 сарбози худро аз Бадахшон ба Кобул хонда, нав мехост ливояшро сарусомон диҳад, аммо чанд рӯз қабл як фармондеҳи кандаҳорӣ ба Вазорати дифоъ аз Мулло Ҳибатуллоҳ, раҳбари толибон мактуб меорад, ки бино ба он, вазифаи Наҷибро ба ин нафар фармон карда буд.
Низамуддин Кайсари , соратник маршалла Дустума, экс-лидер партии Национальное исламское движение (НИДА) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Боздошти Қайсорӣ, фармондеҳи маъруфи Афғонистон дар Теҳрон
"Ба ӯ мегӯянд, ки ту фармондеҳи як вулусволӣ ҳастӣ ва ҳақ надорӣ, чунин як мақоми муҳимро дошта бошӣ. Пешниҳод мекунанд, муовин ё фармондеҳи кандак (баталён) шавад, ки Мавлавӣ Наҷиб қабул намекунад. Афродашро дигарбора ба Бадахшон фиристод. Худаш тақрибан дар Кобул таҳти назар аст ва намегузоранд, ки Бадахшон биравад. Агар рафт, бо ДОИШ* байъат хоҳад кард”, - гуфт манбаъ.
Мавлавӣ Наҷиб низ яке аз фармондеҳони матраҳи Толибон дар Бадахшон аст, ки дар қаламрави бузурге аз вулусволиҳои Роғистон, Ёвон ва Кӯҳистон дар марз бо Тоҷикистон то Яфтали Поёну Баҳорак нуфузу нафари зиёд дорад.
Ҳамзамон конҳои тилои минтақаи Роғҳои Бадахшон, қабл аз ҳама Ровинҷову Зириндов таҳти назорати ӯ буда, аз фоидаҳои ҳангуфти онҳо ба яке аз сарватмандони минтақа табдил ёфтаааст ва беш аз дигарон соҳиби нерӯи мусаллаҳ аст.

"Тоҷикони хатарнок"

Дар ҳамин ҳол Қорӣ Фасеҳуддин ва Мавлавӣ Наҷиб танҳо фармондеҳони бадахшии толибон нестанд, ки мавриди фишорҳои ҳукумати онҳо қарор гирифтаанд. Қаблан Мавлавӣ Амонуддин, фармондеҳи дигари онҳо, ки дар рӯзҳои аввали ҳукуматашон волии Бадахшон таъйин шуда буд, низ аз вазифааш барканор ва ба мансаби поёнтар – муовини сипоҳи “Ал-фатҳ” дар Мазори Шариф гумошта шуд.
Вай низ ба нишони эътироз сари вазифа нарафт, балки боре ҳам ба зодгоҳаш Вардуҷ баргашта, байрақи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъудро боло кард. Вай танҳо бо дахолати мустақими Мулло Яъқуб, вазири дифоъ ва Қорӣ Фасеҳуддин, ки барои рафъи ташаннуҷ ба Бадахшон омада буданд, хомӯш шуд, аммо маълум не то ба кай.
Огаҳони ҳол мегӯянд, толибон аз оғози ҳукуматашон ҳамеша бо фармондеҳони тоҷики худ аз эҳтиёт кор мегиранд, зеро онҳо як қаламрави бузург дар шимолу шимолу шарқ – хостгоҳи асосии Ҷабҳаи муқовиматро таҳти назорат доранд, ки аксарияти кулли мардумаш тоҷиканд.
Салех Мухаммад Регистани, полевой командир сил сопротивления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Паёми нави Регистонӣ ба ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ
Амонуллоҳ Ҳабибӣ, як огоҳи маҳаллӣ дар Бадахшон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, нуфузи фармондеҳони тоҷик ба барномае, ки толибон, як нерӯи паштунбунёд дорад, он ҳам пурра таҳти султаи худ ва марказ қарор додани қаламрави Афғонистон созгор нест.
"Агар онҳо аз он тарсанд, ки Мавлавӣ Наҷиб ба ДОИШ* ва Мавлавӣ Амонуддин ба Ҷабҳаи муқовимат мепайванданд, Қорӣ Фасеҳуддин бамаротиб аз онҳо хатарноктар аст. Вай дар рӯзҳои аввали ҳукумати толибон, вақте гапаш бо онҳо напӯхт, таҳдид карда буд, ки шимолу шарқи Афғонистонро ҷудо карда, як давлати мустақил эълон мекунад. Аз ҳамон рӯз ба ин сӯ вай барои толибон як фарди хатарнок маҳсуб мешавад”, - гуфт Ҳабибӣ.
Зоҳиран толибон бадахшиҳои Афғонистонро мехоҳанд садрнишин ва намояндаи тоҷикони Афғонистон дар ҳукумати худ бинанд. Қорӣ Ҳаниф, вазири иқтисод, Мавлавӣ Шамсиддин, муовини вазири кишоварзӣ ва Мавлавӣ Ғанӣ, волии Бадахшон дар ҳукумати толибон ҳамагӣ бадахшиянд. Ин нақшро дар ҳукуматҳои қаблии Карзаю Ғанӣ панҷшериҳо доштанд.
Аммо кори толибон бо раҳбарони мулкии Бадахшон хуб бошад ҳам, таҳаввулоти ахир нишон медиҳад, ки низомиҳои бадахшӣ ҳамоно дар барномаи онҳо нагунҷидаанд. Ин танҳо воқеиятест, ки қарору оромро аз онҳо рабуда, маҷбур кардааст, ки даст ба гаравгонгириҳои истихборотӣ зананд.
*- созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0