https://sputnik.tj/20211116/rahmon-barkanori-vaz-hozira-dushanbe-1043583524.html
Раҳмон дар бораи барканории 2 президенти аввал ва вазъи ҳозира: Душанбе аз амнтаринҳост
Раҳмон дар бораи барканории 2 президенти аввал ва вазъи ҳозира: Душанбе аз амнтаринҳост
Sputnik Тоҷикистон
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, бо нашри як мақола аз таърихи институти президентӣ дар кишвар гуфта, сабаби аз қудрат рафтани ду раисҷумҳури аввалро баён доштааст
2021-11-16T19:55+0500
2021-11-16T19:55+0500
2021-11-17T12:11+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
президент
раҳмон набиев
қаҳҳор маҳкамов
юсуф раҳмон
ид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102299/14/1022991481_0:397:6016:3781_1920x0_80_0_0_1801b6603ee70d5dab083e6b53f82f4d.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, аввалин маротиба институти президентӣ дар ҷумҳурӣ бо ворид намудани тағйироти дахлдор ба Конститутсияи ҳамон сол амалкунанда моҳи ноябри соли 1990 таъсис дода шуда, ду нафар ба ин мансаби олӣ интихоб гардидаанд.Аввалин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ва дуюмӣ Раҳмон Набиев мебошад.Юсуф Раҳмон дар матлабаш дар сомонаи "Ховар" таъкид намудааст, ки дар як муддати кӯтоҳ, солҳои 1990-1992 президентҳои интихобгардида зери фишору таҳдидҳои гурӯҳҳои мусаллаҳу ифротӣ истодагарӣ карда натавониста, идоракунии давлатро аз даст доданд.Ӯ зикр намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз фаъолият боз монда, мардуми бегуноҳ ва бисёр арбобони давлатию ҷамъиятӣ қурбони террористон гардида, садҳо бинову иморат ва манзилҳои истиқоматӣ несту нобуд карда шуданд.Юсуф Раҳмон аз аҳди Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 ноябри соли 1992 дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ҳайси роҳбари давлат интихоб шуд, тавсиф намудааст, ки дар баробари дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сулҳу оромӣ дар кишвар барқарор шуд.Додситони кул таъкид намудаст, ки феълан Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ аз лиҳози бехатарӣ барои ҳаёти шаҳрвандон дар ҷойҳои аввал қарор дошта, шаҳри Душанбе ба феҳрасти 10 шаҳри барои зиндагӣ бехавфтарини дунё ворид гардидааст.
https://sputnik.tj/20220416/prezidenti-hoksor-qahhor-mahkamov-1038485418.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102299/14/1022991481_661:0:6016:4016_1920x0_80_0_0_6a727c3c9f21713a7f7a6b99e35358bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
юсуф раҳмон, додситон, кул, вазъ, ҳозира, қудрат
юсуф раҳмон, додситон, кул, вазъ, ҳозира, қудрат
Раҳмон дар бораи барканории 2 президенти аввал ва вазъи ҳозира: Душанбе аз амнтаринҳост
19:55 16.11.2021 (Навсозишуда: 12:11 17.11.2021) Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон бо нашри як мақола аз таърихи институти президентӣ дар кишвар гуфта, сабаби аз қудрат рафтани ду раисҷумҳури аввалро баён доштааст
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, аввалин маротиба институти президентӣ дар ҷумҳурӣ бо ворид намудани тағйироти дахлдор ба Конститутсияи ҳамон сол амалкунанда моҳи ноябри соли 1990 таъсис дода шуда, ду нафар ба ин мансаби олӣ интихоб гардидаанд.
Аввалин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ва дуюмӣ Раҳмон Набиев мебошад.
Юсуф Раҳмон дар матлабаш дар сомонаи "Ховар" таъкид намудааст, ки дар як муддати кӯтоҳ, солҳои 1990-1992 президентҳои интихобгардида зери фишору таҳдидҳои гурӯҳҳои мусаллаҳу ифротӣ истодагарӣ карда натавониста, идоракунии давлатро аз даст доданд.
“Ин беҳокимиятӣ Тоҷикистонро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда, боиси ҳалокати ҳазорон нафар шаҳрвандон ва гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар сокинони кишвар гардид”, - навиштааст додситони кулли Тоҷикистон.
Ӯ зикр намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз фаъолият боз монда, мардуми бегуноҳ ва бисёр арбобони давлатию ҷамъиятӣ қурбони террористон гардида, садҳо бинову иморат ва манзилҳои истиқоматӣ несту нобуд карда шуданд.
Юсуф Раҳмон аз аҳди Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 ноябри соли 1992 дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ҳайси роҳбари давлат интихоб шуд, тавсиф намудааст, ки дар баробари дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сулҳу оромӣ дар кишвар барқарор шуд.
Додситони кул таъкид намудаст, ки феълан Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ аз лиҳози бехатарӣ барои ҳаёти шаҳрвандон дар ҷойҳои аввал қарор дошта, шаҳри Душанбе ба феҳрасти 10 шаҳри барои зиндагӣ бехавфтарини дунё ворид гардидааст.