https://sputnik.tj/20211116/hukmi-zindoni-muhojiri-tojik-ivaz-nasab-1043572328.html
Ҳукми зиндони муҳоҷири тоҷик барои вуруди ғайриқонунӣ ба Русия бо насаби нав
Ҳукми зиндони муҳоҷири тоҷик барои вуруди ғайриқонунӣ ба Русия бо насаби нав
Sputnik Тоҷикистон
Марди тоҷике, ки баъди иваз кардани номаш, борҳо ғайриқонунӣ ба Русия омадааст, ниҳоят ба даст афтода, маҳбасӣ шудааст
2021-11-16T14:00+0500
2021-11-16T14:00+0500
2021-11-16T16:18+0500
муҳоҷират
ному насаб
қарор
шикоят ба додгоҳ
муҳоҷир
тағйир
мамнуъ ул-вуруд
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102842/73/1028427348_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_69471b465a707aebb568b6edf19b3eab.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар вуруди чандбораи ғайриқонунӣ ба Русия гунаҳкор дониста шуд, хабар додааст "56orb.ru".Додгоҳи ноҳияи Первомайи Оренбург шаҳрванди Тоҷикистонро дар он гунаҳкор хонд, ки панҷ бор ғайриқонунӣ ба қаламрави Русия ворид шудааст. Манбаъ афзуд, муҳоҷирро ба муддати 8 моҳи зиндон маҳкум кардаанд. Дар зимн шаҳрванди Тоҷикистон аз болои қарор ба додгоҳи вилояти шикояти кассатсионӣ бурдааст, аммо дархосташ қонеъ карда нашудааст. Зимни мурофиа муайян шудааст, ки ҳанӯз соли 2015 дар вилояти Владимир қарори ихроҷи ин зодаи Тоҷикистон барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир шудааст. Аммо ӯ аз иҷрои қарор саркашӣ кардаасту дар қаламрави Русия мондааст. Баъди як сол, дар 2016 ӯро маҷбурӣ аз қаламрави кишвар хориҷ карда, вурудашро барои панҷ сол мамнуъ намудаанд. Баъди бозгашт ба Ватан ин мард номашро тағйир дода, бо шиносномаи нав боз панҷ бори дигар, тайи солҳои 2018-2020 марзи Русияро убур кардааст. Ин дафъа, охири моҳи январ ӯро боздошт ва зиндонӣ кардаанд.
https://sputnik.tj/20211017/ikhroj-jarimai-muhojiron-omsk-1042921225.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102842/73/1028427348_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_f455811a3ec24ad160e34c2358552d42.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мард, муҳоҷир, ғайриқонунӣ, маҳбасӣ, иваз, қарори додгоҳ
мард, муҳоҷир, ғайриқонунӣ, маҳбасӣ, иваз, қарори додгоҳ
Ҳукми зиндони муҳоҷири тоҷик барои вуруди ғайриқонунӣ ба Русия бо насаби нав
14:00 16.11.2021 (Навсозишуда: 16:18 16.11.2021) Марди тоҷике, ки баъди иваз кардани номаш борҳо ғайриқонунӣ ба Русия омадааст, ниҳоят ба даст афтода, ҳабс шудааст
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар вуруди чандбораи ғайриқонунӣ ба Русия гунаҳкор дониста шуд,
хабар додааст "56orb.ru".
Додгоҳи ноҳияи Первомайи Оренбург шаҳрванди Тоҷикистонро дар он гунаҳкор хонд, ки панҷ бор ғайриқонунӣ ба қаламрави Русия ворид шудааст.
Манбаъ афзуд, муҳоҷирро ба муддати 8 моҳи зиндон маҳкум кардаанд.
Дар зимн шаҳрванди Тоҷикистон аз болои қарор ба додгоҳи вилояти шикояти кассатсионӣ бурдааст, аммо дархосташ қонеъ карда нашудааст.
Зимни мурофиа муайян шудааст, ки ҳанӯз соли 2015 дар вилояти Владимир қарори ихроҷи ин зодаи Тоҷикистон барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир шудааст. Аммо ӯ аз иҷрои қарор саркашӣ кардаасту дар қаламрави Русия мондааст. Баъди як сол, дар 2016 ӯро маҷбурӣ аз қаламрави кишвар хориҷ карда, вурудашро барои панҷ сол мамнуъ намудаанд.
Баъди бозгашт ба Ватан ин мард номашро тағйир дода, бо шиносномаи нав боз панҷ бори дигар, тайи солҳои 2018-2020 марзи Русияро убур кардааст. Ин дафъа, охири моҳи январ ӯро боздошт ва зиндонӣ кардаанд.