Дар Душанбе аз худкушии як зани 27-сола ҷилавгирӣ шуд: Хост аз ошёнаи 15 худро партояд

© Pixabay Девушка в темной комнате, архивное фото
Девушка в темной комнате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Обуна шудан
Аз сӯиқасд ба ҷон намудани як зани 27-сола дар Душанбе ба кормандони КҲФ, ҳамсояҳои ӯ хабар доданд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар Душанбе сокини 27-солаи кӯчаи Бухоро 34, ба қасди худкушӣ кардан худро аз қабати 15-уми бинои истиқоматӣ ба замин сарозер карданӣ буд, хабар медиҳад КҲФ.
Ин ниҳод хабар медиҳад, ки сокинони кӯчаи мазкур ба идораи КҲФ занг зада, аз ин ҳодиса онҳоро хабар намуданд.
Дар натиҷа як гурӯҳ наҷотбахшон бо ҳамроҳии равоншинос ба ҷойи ҳодиса омад ва маълум намуд, ки зан дар карнизи бино овезон асту касеро ба худ наздик шудан намемонад.
Таджикские милиционеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Аз худкушӣ то қаллобию авбошӣ: дар Бӯстон чӣ гуна ҷиноёт содир кардаанд
Манбаъ меафзояд, равоншинос бо ин зан музокирот шуруъ кард ва наҷотбахшон бо воситаи тирезаи дигар гузашта, занро ба даруни хона тела доданд.
Маълум гардид, ки ин зан ба иллати мушкилоти хонаводаӣ ба чунин амал даст задааст. КҲФ мегӯяд, занро пас аз наҷот додан ба мақомоти дахлдор супурданд.
Маврид ба зикр аст, ки сар аз авоили соли ҷорӣ наҷотбахшони КҲФ дастикам 200 нафарро аз ҳодиса ва мушкилоти гуногун наҷот доданд.
Лентаи хабарҳо
0