https://sputnik.tj/20211116/bozigar-shikast-football-tojiikston-1043585379.html
Шикасти тими миллии Тоҷиикстон аз Қазоқистон дар бозии дӯстона
Шикасти тими миллии Тоҷиикстон аз Қазоқистон дар бозии дӯстона
Sputnik Тоҷикистон
Тими миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи мунтахаби футболи Қазоқистон шикаст хӯрд. Ягона голи бозиро Бахтиёр Зайнутдинов зад, ки мураббии тими... 16.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-16T20:37+0500
2021-11-16T20:37+0500
2021-11-17T12:33+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
қазоқистон
осиёи марказӣ
футбол
чемпионат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/19/1039711242_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_bea11bc86b3ceb557b527bb83a265d4b.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Бозиии дӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон шоми 16-уми ноябр дар варзишгоҳои "Астана-арена" -и шаҳри Нурсултон ба фоидаи дастаи мизбон анҷомид. Бахтиёр Зайнутдинов, бозигари қазоқ дар даври аввали бозӣ як голро вориди дарвозаи Тоҷикистон намуд, ки ягона ва ҳалкунанда шуд. Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 бозиро бохт. Қабл аз бозӣ Мубин Эргашев, ки мураббии муваққатии тими Тоҷикистон таъйин шуд, изҳор дошт, дастаи мунтахаби кишвар беш аз шаш моҳ боз ҷамъ наомадааст ва бозигарон дар сатҳҳои гуногуни омодагӣ қарор доранд. "Масалан, баъзе бачаҳо таҷрибаи кофии бозиро надоранд. Дар баъзе чемпионатҳо, бозиҳо ба охир расиданд, баъзеҳо аз сабаби пандемия танаффусҳои тӯлонӣ доштанд", - гуфт мутахассис.Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки Қазоқистон дар ҳайати тими миллии кишвараш бозигарони хеле қавӣ дорад ва дар ин зимн ӯ аз Бахтиёр Зайнутдинов ва Георгий Жуков ном гирифт.Мубин Эргашев ба ин бозӣ аз ҷумла 10 легионер, ки дар бошгоҳҳои Ӯзбекистон, Эстония, Эрон, Булғористон, Қазоқистон, Индонезия, Белорус ва Малайзия ҳунарнамоӣ мекунанд, ҷалб намуда буд.
https://sputnik.tj/20211116/karnau-surnay-istiqboli-chempioni-jahon-dar-furudgoh-video-1043566921.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/19/1039711242_62:0:1129:800_1920x0_80_0_0_04b5a90e4bf8d12217a03a340781f845.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, қазоқистон, осиёи марказӣ, футбол, чемпионат
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, қазоқистон, осиёи марказӣ, футбол, чемпионат
Шикасти тими миллии Тоҷиикстон аз Қазоқистон дар бозии дӯстона
20:37 16.11.2021 (Навсозишуда: 12:33 17.11.2021) Тими миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи мунтахаби футболи Қазоқистон шикаст хӯрд. Ягона голи бозиро Бахтиёр Зайнутдинов зад, ки мураббии тими Тоҷикистон қабл аз бозӣ ба қавӣ будани ӯ таъкид карда буд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Бозиии дӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон шоми 16-уми ноябр дар варзишгоҳои "Астана-арена" -и шаҳри Нурсултон ба фоидаи дастаи мизбон анҷомид.
Бахтиёр Зайнутдинов, бозигари қазоқ дар даври аввали бозӣ як голро вориди дарвозаи Тоҷикистон намуд, ки ягона ва ҳалкунанда шуд. Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 бозиро бохт.
Қабл аз бозӣ Мубин Эргашев, ки мураббии муваққатии тими Тоҷикистон таъйин шуд, изҳор дошт, дастаи мунтахаби кишвар беш аз шаш моҳ боз ҷамъ наомадааст ва бозигарон дар сатҳҳои гуногуни омодагӣ қарор доранд.
"Масалан, баъзе бачаҳо таҷрибаи кофии бозиро надоранд. Дар баъзе чемпионатҳо, бозиҳо ба охир расиданд, баъзеҳо аз сабаби пандемия танаффусҳои тӯлонӣ доштанд", - гуфт мутахассис.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки Қазоқистон дар ҳайати тими миллии кишвараш бозигарони хеле қавӣ дорад ва дар ин зимн ӯ аз Бахтиёр Зайнутдинов ва Георгий Жуков ном гирифт.
Мубин Эргашев ба ин бозӣ аз ҷумла 10 легионер, ки дар бошгоҳҳои Ӯзбекистон, Эстония, Эрон, Булғористон, Қазоқистон, Индонезия, Белорус ва Малайзия ҳунарнамоӣ мекунанд, ҷалб намуда буд.