https://sputnik.tj/20211116/bozdosht-tojikon-ubur-marz-lahiston-1043575783.html
Боздошти тоҷикон бо ҷурми ҳамдастӣ дар убури ғайриқонунии марзи Лаҳистон
Боздошти тоҷикон бо ҷурми ҳамдастӣ дар убури ғайриқонунии марзи Лаҳистон
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони интизомии Лаҳистон чанд шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро дар кӯмак ба муҳоҷирон барои убури марз дастгир карданд
2021-11-16T16:10+0500
2021-11-16T16:10+0500
2021-11-16T19:24+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
полша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043348277_0:512:2731:2048_1920x0_80_0_0_4f143a9538d1e2adfe32cd7b92a1ed1d.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Лаҳистон барои ташкили убури ғайриқонунии марз боздошт шуданд, гузориш медиҳад Идораи марзбонии Лаҳистон.Дар маҷмуъ панҷ нафар барои кумак дар убури марз ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Гуфта мешавад, дар баробари тоҷикон, ҳамчунин шаҳрвандони Украина, Лаҳистон низ ба корҳои ғайриқонунй машғул буданд. Онҳо дастикам ба 10 нафар дар убур кардани марз кумак намудаанд.Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ин ниҳод, дар як шабонарӯз дар ин кишвар 224 мавриди убури ғайриқонунии марзҳои давлатӣ сабт шудааст. Шаби сешанбе як гурӯҳи 100-нафарии муҳоҷирони ғайриқонунӣ кӯшиш кард, ки марзи Беларусу Лаҳистонро убур кунад.Дар пайи буҳрони муҳоҷират вазъ дар марзи Беларусу Полша бадтар шуд. Паноҳандаҳо лагерро тарк карда, дар гузаргоҳи Брузги, дар шоҳроҳ таҷаммуъ карданд. Ба гуфтаи мақомоти амниятии Лаҳистон, дар он ҷо ҳудуди 3,5 ҳазор нафар ҷамъ шуда буд.
https://sputnik.tj/20211116/muhojiron-marz-belorus-lahiston-1043568425.html
полша
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043348277_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_2236cc5fcd9c8f04190aa5b80ff021af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лаҳистон боздошт муҳоҷирони тоҷик
лаҳистон боздошт муҳоҷирони тоҷик
Боздошти тоҷикон бо ҷурми ҳамдастӣ дар убури ғайриқонунии марзи Лаҳистон
16:10 16.11.2021 (Навсозишуда: 19:24 16.11.2021) Кормандони интизомии Лаҳистон чанд шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро дар кӯмак ба муҳоҷирон барои убури марз дастгир карданд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Лаҳистон барои ташкили убури ғайриқонунии марз боздошт шуданд, гузориш медиҳад Идораи марзбонии Лаҳистон.
Дар маҷмуъ панҷ нафар барои кумак дар убури марз ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Гуфта мешавад, дар баробари тоҷикон, ҳамчунин шаҳрвандони Украина, Лаҳистон низ ба корҳои ғайриқонунй машғул буданд. Онҳо дастикам ба 10 нафар дар убур кардани марз кумак намудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ин ниҳод, дар як шабонарӯз дар ин кишвар 224 мавриди убури ғайриқонунии марзҳои давлатӣ сабт шудааст. Шаби сешанбе як гурӯҳи 100-нафарии муҳоҷирони ғайриқонунӣ кӯшиш кард, ки марзи Беларусу Лаҳистонро убур кунад.
Дар пайи буҳрони муҳоҷират вазъ дар марзи Беларусу Полша бадтар шуд. Паноҳандаҳо лагерро тарк карда, дар гузаргоҳи Брузги, дар шоҳроҳ таҷаммуъ карданд. Ба гуфтаи мақомоти амниятии Лаҳистон, дар он ҷо ҳудуди 3,5 ҳазор нафар ҷамъ шуда буд.