Боздошти шавҳар бо иттиҳоми бӯғӣ кардани ҳамсараш

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото
Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар додааст, ки дар қатли ҳамсараш гунаҳкор дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Шавҳар бо иттиҳоми қатли занаш дар ноҳияҳои Зафаробод бозодошт гардидаст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, маъмурини милиса марди 48-сола, сокини ноҳияи Зафарободро ҳабс кардаанд, ки дар буғӣ кардани ҳамсари 51-солааш айбдор мешавад.
Манбаъ афзуд, муноқишаи зану шавҳар 14-уми ноябри соли равон дар ҳуҷраи истиқоматиашон дар ноҳияи Зафаробод рух дода, дар натиҷа мард занро бо рӯймоли сараш бӯғӣ карда куштааст.
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Ду куштори даҳшатбор дар Тоҷикистон: келин хушдоманашро кушту мард ҳамсарашро
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомот аз ҳодисаи дигари қатли зан аз ҷониби шавҳар хабар доданд, ки 9 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба қайд гирифта шудааст.
Таъкид шудааст, ки марди 27-сола, сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳиссиёти рашк мунтазам бо ҳамсараш, ҷавонзани 25-сола ҷангу ҷанҷол мекардааст. ВУД мегӯяд, шавҳари ҷавон дар пайи чунин як муноқиша бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 12 бор ба узвҳои бадани зани ҷавонаш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки нисбати гумонбарон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, феълан тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0