https://sputnik.tj/20211116/balandguyak-maqomdoroni-tojik-koronavirus-1043575232.html
Мақомдорони тоҷик бо баландгӯяк роҳи пешгирӣ аз коронавирусро мефаҳмонанд
Мақомдорони тоҷик бо баландгӯяк роҳи пешгирӣ аз коронавирусро мефаҳмонанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдорони тандурустӣ дар Тоҷикистон бо истифода аз баландгӯяк дар бозору нақлиёт ва дигар ҷойҳои сародам роҳҳои пешгирӣ аз коронавирусро тавзеҳ медиҳанд
2021-11-16T15:55+0500
2021-11-16T15:55+0500
2021-11-16T17:29+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
хуҷанд
мубориза
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/10/1043574271_0:109:1156:759_1920x0_80_0_0_724fac9f214b52b540b7532f546e8a2b.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаҳри Хуҷанд раванди шарҳу тавзеҳи муқобила бо коронавирус роҳандозӣ гардидааст. Ба иттилои манбаъ, мақомдорони тандурустӣ дар макотиби миёна, ба омӯзгорон ва хонандагон шеваҳои пешгирии коронавирусро фаҳмондаанд. Манбаъ афзуд, аз хонандагони макотиб даъват шуд, ки қоидаҳои пешгирии ин бемориро риоя намоянду бо ин роҳ худ ва наздиконашонро аз сироятшавӣ нигоҳ доранд. Бар асоси гузориши аксии нашркардаи Вазорат, мақомдорони тандурустӣ дар ҳоле қоидаҳои беҳдоштиро тариқи баландгӯяк, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар автобуси серодам баён медоранд, ки бархе мусофирон ниқоб надоранд. Таъкид шудааст, мақомдорони бахши тандурустӣ ба зарурати гирифтани ваксинаи зидди коронавирус таъкид намуда, онро ягона роҳи ҷилавгирӣ ва ё бидуни мушкилии зиёд паси сар кардани ин беморӣ унвон карданд.
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/10/1043574271_0:0:1156:867_1920x0_80_0_0_d0ba7d3ac210b9fb09e31b66f0a8ad00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мақомдорон, баландгӯяк, тандурустӣ, нақлиёт, бозор, серодам
мақомдорон, баландгӯяк, тандурустӣ, нақлиёт, бозор, серодам
Мақомдорони тоҷик бо баландгӯяк роҳи пешгирӣ аз коронавирусро мефаҳмонанд
15:55 16.11.2021 (Навсозишуда: 17:29 16.11.2021) Мақомдорони бахши тандурустӣ дар Тоҷикистон бо истифода аз баландгӯяк дар бозору нақлиёт ва дигар ҷойҳои пурҷамъият роҳҳои пешгирӣ аз коронавирусро тавзеҳ медиҳанд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаҳри Хуҷанд раванди шарҳу тавзеҳи муқобила бо коронавирус роҳандозӣ гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, мақомдорони тандурустӣ дар макотиби миёна, ба омӯзгорон ва хонандагон шеваҳои пешгирии коронавирусро фаҳмондаанд.
"Аз роҳҳои асосии пешгирии сирояти коронавирус, ин пайваста шустани дастон, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани ниқоби тиббӣ ба шумор мераванд", - гузориш дод Вазорати тандурустӣ.
Манбаъ афзуд, аз хонандагони макотиб даъват шуд, ки қоидаҳои пешгирии ин бемориро риоя намоянду бо ин роҳ худ ва наздиконашонро аз сироятшавӣ нигоҳ доранд.
Бар асоси гузориши аксии нашркардаи Вазорат, мақомдорони тандурустӣ дар ҳоле қоидаҳои беҳдоштиро тариқи баландгӯяк, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар автобуси серодам баён медоранд, ки бархе мусофирон ниқоб надоранд.
Таъкид шудааст, мақомдорони бахши тандурустӣ ба зарурати гирифтани ваксинаи зидди коронавирус таъкид намуда, онро ягона роҳи ҷилавгирӣ ва ё бидуни мушкилии зиёд паси сар кардани ин беморӣ унвон карданд.