https://sputnik.tj/20211116/arabistoni-saudi-omodaem--kumaki-mardumi-birasem-1043572682.html
Арабистони Саудӣ: Мо ҳамеша омодаем, ки ба кумаки мардуми тоҷик бирасем
Арабистони Саудӣ: Мо ҳамеша омодаем, ки ба кумаки мардуми тоҷик бирасем
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон таъкид кардааст, кишвараш ҳамеша омодаи идомаи ҳамкориҳои наздик бо Тоҷикистон аст
2021-11-16T14:20+0500
2021-11-16T14:20+0500
2021-11-16T16:34+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
кӯмак
тақвият
арабистони саудӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/10/1043572472_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_e7a0790af50d2b97cb3b724aa88f3c22.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдан, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҳангоми дидор бо генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон омодагии кишварашро барои кумак ба кишвар изҳор доштааст.Бинобар иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи иҷрои барномаи ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ, аз ҷумла бо Маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ва дигар сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ изҳори назар карданд.Абдурраҳмон Ар-Решайдан изҳор доштааст, ки Арабистони Саудӣ дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҳамеша омодаи идомаи ҳамкориҳои наздик бо Тоҷикистон аст.Ҳамзамон гуфта мешавад, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табииро баррасӣ намуда, ҳамчунин ҳамкориҳои минбаъда барои омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони кумита, беҳбуди заминаи моддию техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
https://sputnik.tj/20210827/abdurahmon-safiri-arabistoni-saudi-tojikiston-1041917557.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/10/1043572472_210:0:2941:2048_1920x0_80_0_0_b0a82804346d1d01a1589c012f80de60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, арабистони саудӣ, кумак, ҳамкорӣ, тақвият
тоҷикистон, арабистони саудӣ, кумак, ҳамкорӣ, тақвият
Арабистони Саудӣ: Мо ҳамеша омодаем, ки ба кумаки мардуми тоҷик бирасем
14:20 16.11.2021 (Навсозишуда: 16:34 16.11.2021) Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш ҳамеша омодаи идомаи ҳамкориҳои наздик бо Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдан, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҳангоми дидор бо генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон омодагии кишварашро барои кумак ба кишвар изҳор доштааст.
Бинобар иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи иҷрои барномаи ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ, аз ҷумла бо Маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ва дигар сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ изҳори назар карданд.
Абдурраҳмон Ар-Решайдан изҳор доштааст, ки Арабистони Саудӣ дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҳамеша омодаи идомаи ҳамкориҳои наздик бо Тоҷикистон аст.
“Муносибатҳои Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар заминаи эътимод ва самимият рушд мекунанд, мо мардуми Тоҷикистонро самимона эҳтиром мекунем ва ҳамеша омодаем, ки ба кумаки мардуми бародари худ бирасем”,-таъкид кардааст сафир
Ҳамзамон гуфта мешавад, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табииро баррасӣ намуда, ҳамчунин ҳамкориҳои минбаъда барои омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони кумита, беҳбуди заминаи моддию техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро мавриди баррасӣ қарор доданд.