Уилбур Смит, нависандае, ки китобҳояшро ба ҳамсари тоҷикаш мебахшид, даргузашт

© (@thewilbursmith) InstagramЮжноафриканский писатель Уилбур Смит
Южноафриканский писатель Уилбур Смит - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Обуна шудан
Уилбур Смит, нависанда аз Африқои Ҷанубӣ дар синнӣ 88-солагӣ дар хонаи худ, дар шаҳри Кейптаун даргузашт
ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Муаллифи даҳҳо асари таърихӣ ва моҷароӣ дар синни 88- солагӣ дар канори ҳамсари тоҷикаш даргузашт.
Тавре дар сомонаи расмии нависанда гуфта шудааст, марги ӯ нобаҳангом будааст.
“Субҳ ӯ дар хонаи худ, дар Кейптаун ба ҳамсираш Нисо мехонду ӯ менавишт”, - таъкид шудааст дар сомонаи расмии нависанда.
Ӯ ҳамчун қаҳрамонҳои китобҳои худ дунёро тарк кард: ногаҳон, пас аз як рӯзи китобхонӣ ва дар канори ҳамсари дӯстдоштаи худ ​Моҳинисо Раҳимова (Моҳинисо Смит).
Уилбур Смит китоби охирини худро ба ҳамсари меҳрубони тоҷикаш бахшидааст.
Ӯ дар ин китоб, ки тоза дар Итолиё нашр шудаст, дар паёме ба ҳамсари маҳбубаш дар саҳифаҳои аввали ин китоб навиштааст: “Ту қалби манро шифо ва ба ман нерӯи артиш додӣ. Ташаккур ба ту, ки маро такон додӣ, то беҳтарин нависанда шавам”.
Моҳинисо Раҳимова соли 2000-ум дар яке мағозаҳои китобфорӯшии Лондон бо Уилбур Смит шинос мешавад ва баъдан дар Кейптаун бо ҳам издивоҷ мекунанд. Моҳинисо, ки зодаи Тоҷикистон аст, он вақт донишҷӯи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Маскав будааст. Моҳинисо аз шавҳари машҳураш 39 сол ҷавонтар мебошад.
Уилбур Смит ҳамчун муаллифи бисёре аз асарҳои таърихӣ ва моҷароӣ машҳур буд. Китоби аввалини ӯ, ки машҳураш кард, дар соли 1964 ба нашр расидааст. Китобаш "Вақте ки шерҳо базм мекунанд" унвон дошт. Асарҳои ин нависанда ба 30 забони мухталифи ҷаҳон тарҷума шудаанд. Китоби ахири ӯ “Садои Зоғ” ном дорад.
Лентаи хабарҳо
0