https://sputnik.tj/20211115/narkh-gaz-benzin-suzishvorii-dizeli-sughd-1043554659.html
Нархи газу бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Суғд каме поин рафтааст
Нархи газу бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Суғд каме поин рафтааст
Sputnik Тоҷикистон
Нархи маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистон дар қиёсӣ бо чанд рӯзи қабл каме арзон шудааст
2021-11-15T16:15+0500
2021-11-15T16:15+0500
2022-03-01T10:50+0500
дар тоҷикистон
энергетика
суғд
нарх
сӯзишворӣ
нфс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0f/1043553988_0:0:2048:1152_1920x0_80_0_0_dabb2e01de0cdb3df14b3fbeb2ada8b8.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Нархи гази моеъ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ, ки давоми як моҳи гузашта боло рафта, то ба 11,5 сомонӣ расида буд, майл ба поин кардааст. Бино ба нархномаи нуқтаҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт дар шаҳри Хуҷанд, феълан як литр сӯзишвории дизелӣ 11,2 сомонӣ, бензини навъи АИ 92 11,1 сомонӣ, АИ 95 11, 4 сомонӣ ва гази моеъ 7,4 сомониро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, дар баъзе аз навоҳии Суғд фурӯши маводи сӯхт бо нархи аз ин ҳам поёнтар сурат мегирад. Бар асоси нархномаҳои феълӣ, фурӯши сӯзишворӣ дар муқоиса ба даҳ рӯзи пеш аз 10 то 40 дирам арзонтар роҳандозӣ шудааст. Ронандаҳои мусофирбарҳо мегӯянд, ҳарчанд коҳиши қимат назаррас нест, вале то ҷое хушҳолкунанда аст. Ин дар ҳолест, ки дар оғози моҳи ноябр арзиши як литр солярка дар вилояти Суғд 11,5 сомонӣ, бензини навъи АИ 92 11, 2 сомонӣ, АИ 95 11, 5 сомонӣ ва қимати гази моеъ то ба 7, 8 сомонӣ мерасид. Дар дигар вилоятҳои Тоҷикистон ҳатто арзиши як литр сӯзишворӣ 11,6 сомонӣ гуфта мешуд ва ин ҳол нигаронии сокинонро ба вуҷуд оварда буд. Дар моҳи октябр масъулини ширкати “Газпромнефт”, яке аз ширкатҳои бузурги воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон афзоиши нархи сӯзишворӣ дар кишварро пешгӯӣ карда буд. Роҳбарони “Газпромнефт” изҳор намуда буданд, ки эҳтимол то охири моҳи октябр “арзиши як литр бензини АИ 95 ба 11, 1 сомонӣ (0,98 доллар), АИ 92 ба 10, 9 сомонӣ (0,96 доллар) ва сӯхти дизелӣ ба 10,5 сомонӣ (0,93 доллар) баробар шавад". Аммо, тавре мушоҳида шуд, қимати маводи сӯхт алорағми таъкидҳои “Газпромнефт” ба таври бесобиқа боло рафту як литр солярка 11,5-11, 6, бензини навъи АИ 92 11, 2-11, 4, АИ 95 11,5-11,7 сомонӣ фурӯхта шуда мешуд. Ҳоло гарчанде ҳам нархи маводи сӯхт дар муқоиса ба ду ҳафта қабл аз 10 то 40 дирам поён рафтааст, вале боз ҳам дар қиёс бо тавоноии молии сокинони Тоҷикистон гарон арзёбӣ мегардад. Ин дар ҳолест, ки дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ қимати як литр гази моеъ 4,15 сомонӣ, бензин навъи АИ 92 ва сӯзишвории дизелӣ 6,5 сомонӣ буд.Ба Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа, асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад.
https://sputnik.tj/20211104/istifoda-ducharkha-garon-shudani-suzishvori-afghoniston-1043272733.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0f/1043553988_256:0:1792:1152_1920x0_80_0_0_18615cdafd28ca484f9bd85685806fe1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, газ, сӯзишворӣ, суғд
нарх, газ, сӯзишворӣ, суғд
Нархи газу бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Суғд каме поин рафтааст
16:15 15.11.2021 (Навсозишуда: 10:50 01.03.2022) Нархи маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистон дар қиёс бо чанд рӯзи қабл каме арзон шудааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Нархи гази моеъ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ, ки давоми як моҳи гузашта боло рафта, то ба 11,5 сомонӣ расида буд, майл ба поин кардааст.
Бино ба нархномаи нуқтаҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт дар шаҳри Хуҷанд, феълан як литр сӯзишвории дизелӣ 11,2 сомонӣ, бензини навъи АИ 92 11,1 сомонӣ, АИ 95 11, 4 сомонӣ ва гази моеъ 7,4 сомониро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, дар баъзе аз навоҳии Суғд фурӯши маводи сӯхт бо нархи аз ин ҳам поёнтар сурат мегирад.
Бар асоси нархномаҳои феълӣ, фурӯши сӯзишворӣ дар муқоиса ба даҳ рӯзи пеш аз 10 то 40 дирам арзонтар роҳандозӣ шудааст. Ронандаҳои мусофирбарҳо мегӯянд, ҳарчанд коҳиши қимат назаррас нест, вале то ҷое хушҳолкунанда аст.
Ин дар ҳолест, ки дар оғози моҳи ноябр арзиши як литр солярка дар вилояти Суғд 11,5 сомонӣ, бензини навъи АИ 92 11, 2 сомонӣ, АИ 95 11, 5 сомонӣ ва қимати гази моеъ то ба 7, 8 сомонӣ мерасид. Дар дигар вилоятҳои Тоҷикистон ҳатто арзиши як литр сӯзишворӣ 11,6 сомонӣ гуфта мешуд ва ин ҳол нигаронии сокинонро ба вуҷуд оварда буд.
Дар моҳи октябр масъулини ширкати “Газпромнефт”, яке аз ширкатҳои бузурги воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон афзоиши нархи сӯзишворӣ дар кишварро пешгӯӣ карда буд. Роҳбарони “Газпромнефт” изҳор намуда буданд, ки эҳтимол то охири моҳи октябр “арзиши як литр бензини АИ 95 ба 11, 1 сомонӣ (0,98 доллар), АИ 92 ба 10, 9 сомонӣ (0,96 доллар) ва сӯхти дизелӣ ба 10,5 сомонӣ (0,93 доллар) баробар шавад".
Аммо, тавре мушоҳида шуд, қимати маводи сӯхт алорағми таъкидҳои “Газпромнефт” ба таври бесобиқа боло рафту як литр солярка 11,5-11, 6, бензини навъи АИ 92 11, 2-11, 4, АИ 95 11,5-11,7 сомонӣ фурӯхта шуда мешуд.
Ҳоло гарчанде ҳам нархи маводи сӯхт дар муқоиса ба ду ҳафта қабл аз 10 то 40 дирам поён рафтааст, вале боз ҳам дар қиёс бо тавоноии молии сокинони Тоҷикистон гарон арзёбӣ мегардад. Ин дар ҳолест, ки дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ қимати як литр гази моеъ 4,15 сомонӣ, бензин навъи АИ 92 ва сӯзишвории дизелӣ 6,5 сомонӣ буд.
Ба Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа, асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад.