Лаҳистон дар марз бо Беларус девор месозад

© Sputnik / Inna GrishukПограничник на белорусско-польской границе
Пограничник на белорусско-польской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Обуна шудан
Дар нимаи авали соли 2022 дар марз миёни Лаҳистон ва Беларус девор афрохта мешавад
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ҳукумати Лаҳистон қасд дорад, дар нимаи аввали соли оянда дар марз бо Беларус девор бунёд кунад.
Дар ин бора муовини вазири умури хориҷии Лаҳистон, Мачей Вонсик дар барномаи радиоии он кишвар иттилоъ додааст.
Аммо ӯ тавзеҳ дод, ки ҳоло созишномаҳои дахлдор баста нашудаанд.
Ба таъкиди ӯ, шаби гузашта дар марзи Беларус ва Лаҳистон ягон воқеа рух надод, ҳарчанд Варшава аз кӯшишҳои нави муҳоҷирон барои рахна кардани марз дар ҳарос буд.
Беженцы на белорусско-польской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Як гурӯҳи муҳоҷирон аз Беларус ба Лаҳистон гузашт
Сиёсатмадор афзуд, ҳоло дар марз чаҳор ҳазор марзбон, ду ҳазор афсари пулис ва 15 ҳазор сарбози артиши Лаҳистон ҳузур дорад.
Ҳафтаи гузашта дар Варшава қонун дар бораи бунёди девор дар марз бо Беларус қабул шуд, ҳоло дар он ҷо муваққатан симхор кашида шудааст.
Ба гуфтаи вазири умури дохилӣ Мариуш Каминский, тӯли ин девори панҷметрӣ 180 километр хоҳад буд.

Вазъият дар марз

Ҳанӯз тобистони имсол дар марзи Беларус бо Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтика теъдоди гурезаҳо аз Ховари Миёна ва Африқо, ки мехоҳанд ба Аврупои Ғарбӣ гузаранд, афзоиш ёфта буд.
Вазъият 8 ноябр, вақте ки тақрибан ду ҳазор нафар дар марз ҷамъ омад, вахим шуд.
Рӯзи 12-уми ноябр як гурӯҳи муҳоҷирон тавонистанд аз тариқи гузаргоҳи Брузгии Беларус вориди қаламрави Лаҳистон шаванд.
Лентаи хабарҳо
0