Кобулов гуфт, толибҳо дар иҷрои тааҳудоташон заъф доранд

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкЗамир Кабулов, архивное фото
Замир Кабулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Обуна шудан
Замир Кобулов, фиристодаи махсуси раисҷумҳури Русия дар Афғонистон мавқеаи Маскав дар бораи раванди иҷрои ваъдаҳо аз сӯи ҳукуматдорони нав дар Кобулро баён дошт
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Толибҳо талош доранд, тамоми масъулиятҳои гирифта ва ваъдаҳои додаашонро иҷро кунанд, изҳор дошт фиристодаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон.
Замир Кобулов дар ҳошияи мулоқоташ бо намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон Томас Уэст, ки дар Маскав баргузор шуд, мавқеи Кремлро шарҳ дод, навиштааст РИА "Новости".
Ӯ ба суол, ки "оё Маскав аз раванди иҷрои ваъдаҳо аз сӯйи толибҳо қаноатманд аст?", гуфт, ки "онҳо талош доранд, иҷро кунанд, аммо хеле ба кундӣ".
Салех Мухаммад Регистани, полевой командир сил сопротивления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Регистонӣ: Толибон мехоҳанд Афғонистонро иёлоте аз Покистон бисозанд
Қаблан мақомоти Русия изҳор доштанд, ки интизори иҷрои ваъдаҳои толибҳо аз сӯйи ин гурӯҳ дар мавриди риояи ҳуқуқи башар, аз ҷумла занону духтарон, ташкили ҳукумати фарогир ва ҷой надодани гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистонро доранд.
Қудрат дар Афғонистонро толибҳо нимаи моҳи август ғасб карда, 7 сентябр ҳайати ҳукуматашонро эълон намуданд.
Лентаи хабарҳо
0