Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар марз бо Афғонистон "меҷанганд"

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие на военных учения в Таджикистане
Военнослужащие на военных учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Обуна шудан
Машқҳои муштараки низомӣ дар размоишгоҳи Термизи вилояти Сурхандарё баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Интизор меравад, аз 17 то 24 ноябр тамринҳои муштараки низомиёни Ӯзбекистону Қазоқистон баргузор гардад. Ин тамринҳо дар наздикии марзи Афғонистон, дар размоишгоҳи Термизи вилояти Сурхандарё сурат мегиранд.

"Ҳадаф аз баргузории машқҳои муштарак баланд бардоштани мутобиқат ва сатҳи ҳамкории нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвари бародар дар ҷараёни ҳалли вазифаҳои муштарак мебошад", - гуфтанд дар Вазорати дифои Қазоқистон.

Дар тамринҳо беш аз 100 нафар низомӣ, ҷангандаҳои чандкорбурдӣ Су-30СМ, ҳавопаймоҳои низомии нақлиётии С-295 ва инчунин ҳавопаймоҳои бесарнишини тактикӣ ширкат мекунанд.
Совместные военные учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Сенарияи бадтарин": ҳадафи аслии тамрин дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон маълум шуд
Иштирокчиён амалиёти ҷустуҷӯию иктишофӣ, амалиёти шикаст додани душманро тамрин мекунанд.
Илова бар ин низомиён маҳорати зарба задан ба ҳамла ва барҳам додани воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин аз майдони ҷанг берун овардани лавозими корношоямро такмил медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0