https://sputnik.tj/20211115/kamtarin-favt-covid-tojikiston-1043554908.html
Камтарин ҳолати фавт аз COVID дар Тоҷикистон аст
Камтарин ҳолати фавт аз COVID дар Тоҷикистон аст
Sputnik Тоҷикистон
Аз миёни кишварҳои хориҷи наздик камтарин нишондиҳандаи фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон сабт шудааст 15.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-15T16:30+0500
2021-11-15T16:30+0500
2021-11-15T17:43+0500
тасвирбаён
дар тоҷикистон
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0f/1043554162_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_e9e63ab09c4993faa83668666dbbf6ba.png
Вазъияти коронавирус дар Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои ИДМ ба маротиб беҳтар аст.Наздики як моҳ дар кишвар ягон ҳолати гирифтории шаҳрвандон ба коронавирус сабт нашудааст. 15 ноябр вазорат аз ду ҳолати ҷадиди сироятёбӣ хабар дод ва ҳамзамон зикр намуд, ки ду бемори дигар шифо ёфтанд.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз лиҳози гирифторӣ вируси COVID-19 аз Ӯзбекистон, Қирғизистону Қазоқистон вазъи беҳтар дорад.Ваксина ягона роҳ аст: Мулоқот бо сокинон барои суръат бахшидани ваксинагирӣ дар ХуҷандҲамчунин аз лиҳози фавт низ омори Вазорати тандурустӣ даҳшатбор нест. Аз авоили бурузи ин вирус дар Тоҷикистон 124 бемор ҷон додааст. Дар ҳоле, ки дар Қирғизистону Қазоқистон ин нишондод андаке бештар аст.Ба ҳамин минвол, тибқи омори охири Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ ҷамъан 17 091 нафар гирифтори коронавирус шудааст, ки аз ин миён 16 965 нафар шифо ёфта, 124 бемор фавтидааст.Вазорат мегӯяд, ҳоло дар мамлакат ҳамагӣ ду бемор таҳти табобат қарор дорад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0f/1043554162_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_39f1fc9e5e5b50a4af23e04dda754a3f.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасвирбаён, дар тоҷикистон, коронавирус, инфографика
тасвирбаён, дар тоҷикистон, коронавирус, инфографика
Камтарин ҳолати фавт аз COVID дар Тоҷикистон аст
16:30 15.11.2021 (Навсозишуда: 17:43 15.11.2021) Аз миёни кишварҳои хориҷи наздик камтарин нишондиҳандаи фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон сабт шудааст
Вазъияти коронавирус дар Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои ИДМ ба маротиб беҳтар аст.
Наздики як моҳ дар кишвар ягон ҳолати гирифтории шаҳрвандон ба коронавирус сабт нашудааст. 15 ноябр вазорат аз ду ҳолати ҷадиди сироятёбӣ хабар дод ва ҳамзамон зикр намуд, ки ду бемори дигар шифо ёфтанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз лиҳози гирифторӣ вируси COVID-19 аз Ӯзбекистон, Қирғизистону Қазоқистон вазъи беҳтар дорад.
Ҳамчунин аз лиҳози фавт низ омори Вазорати тандурустӣ даҳшатбор нест. Аз авоили бурузи ин вирус дар Тоҷикистон 124 бемор ҷон додааст. Дар ҳоле, ки дар Қирғизистону Қазоқистон ин нишондод андаке бештар аст.
Ба ҳамин минвол, тибқи омори охири Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ ҷамъан 17 091 нафар гирифтори коронавирус шудааст, ки аз ин миён 16 965 нафар шифо ёфта, 124 бемор фавтидааст.
Вазорат мегӯяд, ҳоло дар мамлакат ҳамагӣ ду бемор таҳти табобат қарор дорад.