https://sputnik.tj/20211115/ha-guftam-manizha-shavhar-mekunad-1043549616.html
"Ҳа гуфтам": Манижа шавҳар мекунад
"Ҳа гуфтам": Манижа шавҳар мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Манижа Сангин, овозхони тоҷики муқими Русия хабар дод, ки ба пешниҳоди хонадоршавии дӯстписараш посухи "ҳа" додааст 15.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-15T13:02+0500
2021-11-15T13:02+0500
2021-11-15T14:35+0500
фарҳанг
тӯйи хонадоршавӣ
овозхон
тӯй
манижа сангин
дар русия
евровидение
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0f/1043548370_0:24:2049:1176_1920x0_80_0_0_d72f734fd819abee1d4520b3c917b69f.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Манижа, ки бо намояндагӣ аз Русия дар "Евровидение - 2021" мақоми 9-ум гирифт, дар саҳифаи инстаграмаш хабар додааст, ки хонадор мешавад. Овозхон бо нашри акси худу дӯстдоштааш дар "сторис", хабар дод, ки ба пешниҳоди хонадоршавӣ "ҳа" гуфтааст. Ӯ дар ин акс ангуштарини номзадиро намоиш дода, рӯйи дӯстписарашро пӯшондааст. Бо вуҷуди пӯшондани рӯйи ӯ расонаҳо мегӯянд, шавҳари ояндаи Манижа ин коргардон Ладо Кватани мебошад, ки қаблан низ хабари муносиботашон расонаӣ шуда буд. Ладо Кватанияи 33 сол дорад. Ӯ худ зодаи Гурҷистон аст ва модараш аз Украина мебошад.Кватания мегӯяд, то ҷанги Гурҷистону Абхазистон ба Русия рафтуомади зиёд дошт, аммо баъдан куллан ба Маскав кӯчид. Дар мавриди тақдири худу Манижа мегӯяд, ки Сангин гурезае аз Тоҷикистон мебошаду ӯ аз Гурҷистон.Ҳоло Кватания ҳамчун коргардону клипсоз дар ҳаёти эҷодии Манижа нақши муҳим дорад.Чунончи, Кватания коргардони таронаи машҳури Манижа - "Мама" ва муаллифи ғояи баромади Манижа дар "Евровидение" низ ӯ будааст. Кватания соли 2009 Донишгоҳи ҳунарҳои театрии РАТИ-ГИТИС-ро хатм карда, дар курсҳои Ҷон Труби ва Пол Браун дар Академияи синамои Ню-Йорк таҳсил кардааст.
https://sputnik.tj/20210708/millionhoi-manizha-saroyanda-baroi-evrovidenie---2021-chi-qadar-mablagh-harj-kard-1040746671.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0f/1043548370_0:0:2049:1537_1920x0_80_0_0_a427a07ef00d65e5d1cd6de2a7209bba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фарҳанг, тӯйи хонадоршавӣ, овозхон, тӯй, манижа сангин, дар русия, евровидение
фарҳанг, тӯйи хонадоршавӣ, овозхон, тӯй, манижа сангин, дар русия, евровидение
"Ҳа гуфтам": Манижа шавҳар мекунад
13:02 15.11.2021 (Навсозишуда: 14:35 15.11.2021) Манижа Сангин, овозхони тоҷики муқими Русия хабар дод, ки ба пешниҳоди хонадоршавии дӯстписараш посухи "ҳа" додааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Манижа, ки бо намояндагӣ аз Русия дар "Евровидение - 2021" мақоми 9-ум гирифт, дар саҳифаи инстаграмаш хабар додааст, ки хонадор мешавад.
Овозхон бо нашри акси худу дӯстдоштааш
дар "сторис", хабар дод, ки ба пешниҳоди хонадоршавӣ "ҳа" гуфтааст. Ӯ дар ин акс ангуштарини номзадиро намоиш дода, рӯйи дӯстписарашро пӯшондааст.
Бо вуҷуди пӯшондани рӯйи ӯ расонаҳо мегӯянд, шавҳари ояндаи Манижа ин коргардон Ладо Кватани мебошад, ки қаблан низ хабари муносиботашон расонаӣ шуда буд.
Ладо Кватанияи 33 сол дорад. Ӯ худ зодаи Гурҷистон аст ва модараш аз Украина мебошад.
Кватания мегӯяд, то ҷанги Гурҷистону Абхазистон ба Русия рафтуомади зиёд дошт, аммо баъдан куллан ба Маскав кӯчид. Дар мавриди тақдири худу Манижа мегӯяд, ки Сангин гурезае аз Тоҷикистон мебошаду ӯ аз Гурҷистон.
Ҳоло Кватания ҳамчун коргардону клипсоз дар ҳаёти эҷодии Манижа нақши муҳим дорад.
Чунончи, Кватания коргардони таронаи машҳури Манижа - "Мама" ва муаллифи ғояи баромади Манижа дар "Евровидение" низ ӯ будааст. Кватания соли 2009 Донишгоҳи ҳунарҳои театрии РАТИ-ГИТИС-ро хатм карда, дар курсҳои Ҷон Труби ва Пол Браун дар Академияи синамои Ню-Йорк таҳсил кардааст.