Аз толибилмон то омӯзгорон: баргузории ҳафтумин "Имлои ҷуғрофии Русия" дар Хуҷанд - акс

© Sputnik Барузории 7-умин Диктанти ҷуғрофии Русия дар Хуҷанд
Барузории 7-умин Диктанти ҷуғрофии Русия дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Обуна шудан
Якшанбе ҳарчанд дар тақвим рӯзи истироҳатӣ асту дари коргоҳҳову макотиб бастааст, вале дар ин рӯз даҳҳо нафар хонандаҳои мактаб, донишомӯзони донишгоҳҳо ва омӯзгорон барои супоридани "Диктанти ҷуғрофӣ-2021" дар Хуҷанд гирди ҳам омаданд
ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Ахиран дар шаҳри Хуҷанд даври ҳафтуми "Имлои ҷуғрофии Русия", ки дар 120 кишвари дунё гузоронида мешавад, баргузор шуд.
Тасмими баргузории "Имлои ҷуғрофии Русия" ҳанӯз соли 2014 аз ҷониби раиси Шӯрои парасторони Ҷамъияти ҷуғрофии Русия, президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Анҷумани XV ин ҷамъият гирифта шуда буд.
Шуруъ аз он замон Ҷамъияти ҷуғрофии Русия ба як ташкилоти ҷамъиятии умумироссиягӣ мубаддал гардид ва "Диктанти ҷуғрофӣ" ба як амали умумимиллӣ табдил ёфт, ки имкони баробар ба ҳамаро медиҳад, новобаста аз синну сол ва ё касбу кор. То ин замон беш аз 1,8 миллион сокин аз 120 кишвари дунё барои сайқали донишҳои ҷуғрофии худ дар "Диктанти ҷуғрофии Русия" иштирок кардааст.
© Sputnik Барузории 7-умин Диктанти ҷуғрофии Русия дар Хуҷанд
Барузории 7-умин Диктанти ҷуғрофии Русия дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Барузории 7-умин Диктанти ҷуғрофии Русия дар Хуҷанд
Ҳафтумин "Имлои ҷуғрофии Русия" дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон дар Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Беш аз 40 омӯзгор ва донишомӯзони макотибу донишгоҳҳои Суғд барои супоридани "Диктанти ҷуғрофӣ" дар толори Маркази илм ва фарҳанги Русия (Россотрудничества) дар шаҳри Хуҷанд гирди ҳам омаданд. Никита Биховский, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Хуҷанд ҳадафи баргузории "Диктанти ҷуғрофӣ"-ро шарҳ дод.

“Рӯзи якшанбе барпо намудани диктант ҳам бесабаб нест, балки махсус мебошад. Онҳое, ки дар худ шавқи омӯхтан, васеъ намудани маҷмӯи донишҳоро доранд, барои ин кӯшиш мекунанд, ҳарчанд дар рӯзи якшанбе, ки одатан дар тақвим рӯзи истироҳатӣ шумурда мешавад”, - афзуд Биховский.

Барои ҳамаи иштирокчиёни "Имлои ҷуғрофӣ" 45 дақиқа вақт барои посух гуфтан ба 40 савол ҷудо карда мешавад.
Сатҳи дониши иштирокчиён аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ мешавад.
© Sputnik Барузории 7-умин Диктанти ҷуғрофии Русия дар Хуҷанд
Барузории 7-умин Диктанти ҷуғрофии Русия дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Барузории 7-умин Диктанти ҷуғрофии Русия дар Хуҷанд
Ба нафаре, ки баландтарин холро соҳиб шудааст, ки баъди як моҳи натиҷагирӣ шаҳодатномаи иштирокчии "Имлои ҷуғрофии Русия" тақдим мешавад.
Мубтакирони озмун мегӯянд, шумори иштирокчиён ба синну сол ва касбу кор маҳдуд намешавад, балки ин як василаи донишандӯзист, ки сокинон пеш аз ҳама дар бораи ҷуғрофиёи Ватани худ, Русия ва ҷаҳон огаҳӣ пайдо менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0