https://sputnik.tj/20211114/puli-davlat-obu-loy-agentii-ziddi-fasod-1043531797.html
Пули давлатро чӣ гуна "обу лой" мекунанд? Шарҳи Ожонси зидди фасод
Пули давлатро чӣ гуна "обу лой" мекунанд? Шарҳи Ожонси зидди фасод
Sputnik Тоҷикистон
Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки бо кадом шеваҳо дар нуҳ моҳи соли равон ба давлат зарар расондаанд
2021-11-14T09:51+0500
2021-11-14T09:51+0500
2021-11-15T13:42+0500
дар тоҷикистон
зиён
молия
иқтисод
санҷиш
коррупсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116244_213:0:1400:667_1920x0_80_0_0_b4eac38f1e0ec6956b6d9b5987006572.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Сулаймон Талбакзода, ноиби мудири Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ 741 тафтишу санҷиш гузаронда, наздики 300 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардаанд. Талбакзода дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, аз 299,2 миллион сомонӣ зарари молиявии ошкоршуда наздики 92 миллион сомонӣ ба изофанависӣ зимни корҳои таъмиру сохтмонӣ рост меояд. "Хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 13,8 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруф — 28,9 миллион, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ — 91,8, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ — 1,2 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ — 128,6 ва маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмии давлатӣ 34,9 миллион сомониро ташкил медиҳад", - таъкид намуд ноиби раиси Ожонс.Ӯ илова намуд, ки аз ин 78,1 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ва 135 миллион сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳо, ҷамъ 71,2 фоизи маблағи зарари ошкоршуда барқарор гардид. Таъкид шуд, ки чораандешӣ барои барқарор намудани 86,1 миллион сомонии боқимонда идома дорад. Инчунин зикр шуд, ки аз ҳисоби бақияпулиҳои андоз, зарарҳои ошкоршудаи соли қаблӣ ва дигар манбаъҳо 5,3 миллион сомонии дигар низ ба давлат баргардонда шуд.
https://sputnik.tj/20211114/naqshai-buja-barziyod-ijro-1043531665.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116244_265:0:1374:832_1920x0_80_0_0_7f2628389bc30f17ba9f67963ecaa14e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пул, давлат, зарар, ошкор
пул, давлат, зарар, ошкор
Пули давлатро чӣ гуна "обу лой" мекунанд? Шарҳи Ожонси зидди фасод
09:51 14.11.2021 (Навсозишуда: 13:42 15.11.2021) Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки бо кадом шеваҳо дар нуҳ моҳи соли равон ба давлат зарар расонда шудааст
ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Сулаймон Талбакзода, ноиби мудири Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ 741 тафтишу санҷиш гузаронда, наздики 300 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардаанд.
Талбакзода дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, аз 299,2 миллион сомонӣ зарари молиявии ошкоршуда наздики 92 миллион сомонӣ ба изофанависӣ зимни корҳои таъмиру сохтмонӣ рост меояд.
"Хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 13,8 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруф — 28,9 миллион, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ — 91,8, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ — 1,2 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ — 128,6 ва маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмии давлатӣ 34,9 миллион сомониро ташкил медиҳад", - таъкид намуд ноиби раиси Ожонс.
Ӯ илова намуд, ки аз ин 78,1 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ва 135 миллион сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳо, ҷамъ 71,2 фоизи маблағи зарари ошкоршуда барқарор гардид. Таъкид шуд, ки чораандешӣ барои барқарор намудани 86,1 миллион сомонии боқимонда идома дорад.
Инчунин зикр шуд, ки аз ҳисоби бақияпулиҳои андоз, зарарҳои ошкоршудаи соли қаблӣ ва дигар манбаъҳо 5,3 миллион сомонии дигар низ ба давлат баргардонда шуд.