https://sputnik.tj/20211114/musobiqa-dushanbe-piruzii-maktabkhon-donishjuy-1043533768.html
Мусобиқаи дав дар Душанбе ба масофаи 10 километр: Пирӯзии як мактабхон ва донишҷӯй
Мусобиқаи дав дар Душанбе ба масофаи 10 километр: Пирӯзии як мактабхон ва донишҷӯй
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 80-умин солгарди гузашти ҳарбӣ дар Майдони сурхи Маскав мусобиқаи дав баргузор шуд.
2021-11-14T10:53+0500
2021-11-14T10:53+0500
2021-11-14T10:53+0500
дар тоҷикистон
маскав
ҷбв
ҳарбӣ
дар гузашт
дав
мусобиқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0e/1043531970_3:0:1279:718_1920x0_80_0_0_80ec9b2eb14ca9224654f4848724b66f.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Мусобиқа зери унвони "Дави дӯстии Русия - Тоҷикистон" гузашт, хабар дод дафтари матбуоти "Россострудничества".Манбаъ афзуд, ки дар майдони Наврӯзгоҳи Душанбе барои пирӯзӣ ҳудуди 60 нафар - донишҷӯён, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорон, муҳандисон, ризокорон ва мутхассисони "Россотрудничества" талошо карданд. Зӯрозмоӣ дар гуруҳи занону мардон ба масофаи 10 километр гузаронда шуд. Миёни духтарон якумин шуда, талабаи 17-сола аз ноҳияи Муъминобод, Раҷабмо Абдуллоева ба хатти охир расид. Дар миёни мардон донишҷӯё Азамҷон Давлатов пирӯз гардид. Ғолибон бо медалҳои тилло ва туҳфаҳо аз шарикони чорабинӣ қадрдонӣ шуданд. Ин чорабинӣ бахшида ба 80-умин солгарди гузашти ҳарбӣ дар Майдони сурх ҳангоми мудофиаи Маскав баргузор гардид. Аҳамияти гузашти ҳарбии моҳи ноябри соли 1941-ро роҳбари намояндагии "Россотрудничества" дар Тоҷикистон Иван Иванов таъкид намуд, ки ба руҳияи ҷангӣ таъсири бузург дошт. "Сарбозони шӯравӣ, сокинони осоиштаи одие буданд, ки ба ҳимояи Ватан бархестанду ба мудофиаи пойтахт рафтанд. Маҳз он замон ибораи "Русия бузург аст, аммо ҷое барои ақибнишинӣ нест, дар ақиб Маскав" пайдо шуд", - гуфт Иванов. Бисёриҳо барои поси хотири аҷдодонашон ба чорабинӣ омаданд, ки ба ҳимояи Ватан рафта буданд. Аз ҷумла Акмал Олимшоев ба хотири бобояш дар ин мусобиқаи дав иштирок намудаст.
https://sputnik.tj/20211107/mullokuchakboqi-mullojonov-okhirin-ishtirokchii-jbv-mastchoh-darguzasht-1043301404.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0e/1043531970_162:0:1119:718_1920x0_80_0_0_635180ac118846cdf3044cef26a7b482.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, мусобиқа, дав, медал, ҷбв
душанбе, мусобиқа, дав, медал, ҷбв
Мусобиқаи дав дар Душанбе ба масофаи 10 километр: Пирӯзии як мактабхон ва донишҷӯй
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 80-умин солгарди гузашти ҳарбӣ дар Майдони сурхи Маскав мусобиқаи дав баргузор шуд.
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Мусобиқа зери унвони "Дави дӯстии Русия - Тоҷикистон" гузашт, хабар дод дафтари матбуоти "Россострудничества".
Манбаъ афзуд, ки дар майдони Наврӯзгоҳи Душанбе барои пирӯзӣ ҳудуди 60 нафар - донишҷӯён, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорон, муҳандисон, ризокорон ва мутхассисони "Россотрудничества" талошо карданд.
Зӯрозмоӣ дар гуруҳи занону мардон ба масофаи 10 километр гузаронда шуд.
Миёни духтарон якумин шуда, талабаи 17-сола аз ноҳияи Муъминобод, Раҷабмо Абдуллоева ба хатти охир расид. Дар миёни мардон донишҷӯё Азамҷон Давлатов пирӯз гардид.
Ғолибон бо медалҳои тилло ва туҳфаҳо аз шарикони чорабинӣ қадрдонӣ шуданд.
Ин чорабинӣ бахшида ба 80-умин солгарди гузашти ҳарбӣ дар Майдони сурх ҳангоми мудофиаи Маскав баргузор гардид.
Аҳамияти гузашти ҳарбии моҳи ноябри соли 1941-ро роҳбари намояндагии "Россотрудничества" дар Тоҷикистон Иван Иванов таъкид намуд, ки ба руҳияи ҷангӣ таъсири бузург дошт.
"Сарбозони шӯравӣ, сокинони осоиштаи одие буданд, ки ба ҳимояи Ватан бархестанду ба мудофиаи пойтахт рафтанд. Маҳз он замон ибораи "Русия бузург аст, аммо ҷое барои ақибнишинӣ нест, дар ақиб Маскав" пайдо шуд", - гуфт Иванов.
Бисёриҳо барои поси хотири аҷдодонашон ба чорабинӣ омаданд, ки ба ҳимояи Ватан рафта буданд. Аз ҷумла Акмал Олимшоев ба хотири бобояш дар ин мусобиқаи дав иштирок намудаст.