https://sputnik.tj/20211114/mahsulot-arzon-sokinon-vmkb-ruzi-prezident-1043535247.html
Пешниҳоди маҳсулоти арзон ба сокинони ВМКБ ба муносибати Рӯзи Президент
Пешниҳоди маҳсулоти арзон ба сокинони ВМКБ ба муносибати Рӯзи Президент
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Президент фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои арзон баргузор шуд, хабар дод ҳукумати вилоят
2021-11-14T12:55+0500
2021-11-14T12:55+0500
2021-11-14T12:57+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
хоруғ
нарх
бозор
ярмарка
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0e/1043534947_0:192:2048:1344_1920x0_80_0_0_fef8b4107f905eda1da4c9e2a844d793.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ роҳандозӣ гардид. Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ бо нашри як иттилоия гуфт, дар ярмарка зиёда аз 2 тонна гушт, 45 сар моли майда 15 тонна картошка, 10 тонна сабзӣ ва 5 тонна меваву сабзавот ба фурӯш гузошта шуд. Таъкид гардидааст, ки нарх дар ин ярмарка, ки бо иштироки роҳбарони вилоят баргузор шуд, аз нархи бозор ҳудуди 30-40 фоиз арзон мебошад. Ҳадафи ин чорабинӣ ғанӣ гардонидани дастархони бошандагони вилоят бо маҳсулоти ниёзи аввал ва захира барои фасли зимистон арзёбӣ гардид. Иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Алишер Мирзонабот зимни боздид аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ба масъулин барои минбаъд низ дастур дод. Бахшида ба Рӯзи Президент пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзон дар ВМКБ дар ҳолест, ки ҳамасола 16 ноябр дар Тоҷикистон чун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад.
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0e/1043534947_0:0:2048:1536_1920x0_80_0_0_abc4bb4cf0aa7466c0bebd7c447bbcb1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хоруғ, президент, маҳсулот, арзон
хоруғ, президент, маҳсулот, арзон
Пешниҳоди маҳсулоти арзон ба сокинони ВМКБ ба муносибати Рӯзи Президент
12:55 14.11.2021 (Навсозишуда: 12:57 14.11.2021) Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Президент фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои арзон баргузор шуд, хабар дод ҳукумати вилоят
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ роҳандозӣ гардид.
Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ бо нашри як иттилоия гуфт, дар ярмарка зиёда аз 2 тонна гушт, 45 сар моли майда 15 тонна картошка, 10 тонна сабзӣ ва 5 тонна меваву сабзавот ба фурӯш гузошта шуд. Таъкид гардидааст, ки нарх дар ин ярмарка, ки бо иштироки роҳбарони вилоят баргузор шуд, аз нархи бозор ҳудуди 30-40 фоиз арзон мебошад.
Ҳадафи ин чорабинӣ ғанӣ гардонидани дастархони бошандагони вилоят бо маҳсулоти ниёзи аввал ва захира барои фасли зимистон арзёбӣ гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Алишер Мирзонабот зимни боздид аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ба масъулин барои минбаъд низ дастур дод.
Бахшида ба Рӯзи Президент пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзон дар ВМКБ дар ҳолест, ки ҳамасола 16 ноябр дар Тоҷикистон чун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад.