Духтари ҳиротӣ: Фармондеҳи толиб аз ман алоқаи ҷинсӣ хост - видео

© REUTERS \ Jorge SilvaЖенщина в бурке с младенцем у пекарни в Кабуле
Женщина в бурке с младенцем у пекарни в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Обуна шудан
Як духтари ҳиротӣ иддао кардаааст, ки як фармондеҳи толиб аз ӯ тақозои алоқаи ҷинсӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Духтари ҳиротӣ дар ин бора ба хабаргузории "Амаҷ" гуфтааст, ин фармондеҳ толиб хостори алоқаи ҷинсӣ бо ӯ шудааст.
Духтари ҳиротӣ, ки ба гуфтаи худаш, соате аз шабро зери шаллоқи толибон гузарондааст, иддао мекунад, ки вайро латукӯб кардаанд ва фармондеҳи толибон бо номи Сибғат аз ӯ тақозои алоқаи ҷинсӣ кардааст.
Гуфта шудааст, ки хабарнигори “Амаҷ” ба Сибғат занг зад, аммо ӯ бо шунидани номи хабаргузорӣ телефонро қатъ кард.
Ёдовар мешавем, дар ҳафтаҳои ахир бори дувум аст, ки гузоришҳо дар бораи талаби ҳамхобагӣ аз занони афғонистонӣ аз сӯйи ҷангҷӯёни толибон мунташир мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0