Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Оғози ваксинзании кӯдакон дар Қазоқистон: танҳо бо розигии волидайн

© Sputnik / Стас ЭтвешВакцина от коронавируса, архивное фото
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Обуна шудан
Дар Қазоқистон ваксинзании наврасони аз 12 то 17-сола алайҳи коронавирус оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Муовини сарвазири тандурустии Қазоқистон Ералӣ Туғҷонов дастур дод, ки наврасонро зидди коронавирус бо "Pfizer" эмин кунанд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Ералӣ Туғҷонов дар ҷаласаи Комиссияи пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ба роҳбарияти тамоми вилоятҳо дастур дод, ки қоидаҳои муқарраршударо қатъиян риоя намоянд.

"Наврасонро танҳо бо розигии хаттии огоҳонаи волидайн ё намояндагони қонунии онҳо ваксина кунед", - таъкид кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ба Қазоқистон нахустин қисми ваксинаи "Pfizer" барои эмкунии кӯдакони аз 12 то 18-сола, занони ҳомила ва занонеро, ки тифли ширхор доранд, ворид шуда буд.
Пештар табиби маъруф ва муҷрии телевизиони Русия, доктори илмҳои тиб Елена Малишева дар бораи ваксинзании кӯдакон алайҳи коронавирус, гуфт, ки кӯдакони то 18-сола аз лиҳози омор омили паҳншавии ҳамагирии коронавирус нестанд.
Дети в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Оё алайҳи COVID-19 ваксина гирифтани кӯдакон мумкин аст? Посухи пизишк
Ба гуфти пизишк, "Pfizer" аллакай маълумотро дар бораи истифодаи ваксинаи коронавирус барои кӯдакон нашр кардааст ва дар Амрико кӯдакони аз 12-сола боло аллакай эмин шудаанд.
"Ҳоло таҳқиқи доруи "Pfizer" барои вксинзании кӯдакони аз 5-сола боло идома дорад. Аммо тибқи қоида, аввал бехатарӣ ва самаранокӣ собит мешавад ва баъдан масъалаи ваксиназнӣ баррасӣ мегардад", - шарҳ дод пизишк.
Лентаи хабарҳо
0