Тоҷикистон аз Қирғизистон хост, ба парвандакушоии беасос хотима диҳад

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ, архивное фото
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон аз Русия хостааст, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо дархости Қирғизистон боздошт карда шуд, раҳо кунанд
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Бо ирсола нома ба прокуратураи генералии Федератсияи Русия Додситонии кулли Тоҷикистон дархости озодсозии Ҷӯраев Диловарро кардааст, хабар медиҳад котиботи ин ниҳод
Ба иттилои манбаъ, 8 ноябри соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Новосибирски Русия бо дархости истирдодии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон шаҳрванди Тоҷикистон Ҷӯраев Диловар Бобомаҳкамовичи 52 - сола дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, Ҷӯраев барои гӯё ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ ва делимитатсияношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Боткани Қирғизистон даст дошта бошад.
"Бо дарназардошти ангезаи сиёсӣ доштани айбномаи болозикр Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябри соли 2021 унвонии Прокуратураи генералии Федератсияи Россия мактуб омода намуда, хоҳиш кардааст, ки дархости ҷониби Қирғизистон бе баррасӣ моноида шуда, шаҳрванд Ҷураев Д.Б. аз ҳабс озод карда шавад",- омадааст дар иттилоияи Додситонии кишвар.
Ғайр аз ин Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонии Прокуратураи генералии Қирғизистон дархост ирсол карда, хостааст, ки ба таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣ дар хатти сарҳад нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшанд.
Манбаъ мегӯяд, масъалаи мазкур таҳти назорати роҳбарияти Прокуратураи генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон қарор дорад.

Таърихи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28 апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.
Мақомоти ҳарду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.
Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷабборов: Омодаи ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонем, аммо як метрро намедиҳем
Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин муноқиша 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.
Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.
Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.
Лентаи хабарҳо
0