https://sputnik.tj/20211112/tajovuzi-dukhtar-noboligh-muallim-toshkand-1043507779.html
Қазияи таҷовузи духтари ноболиғ аз сӯйи муаллим ва дӯстонаш дар Тошканд: чӣ ҷазо гирифтанд
Қазияи таҷовузи духтари ноболиғ аз сӯйи муаллим ва дӯстонаш дар Тошканд: чӣ ҷазо гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Ин ҳодиса баҳори соли ҷорӣ дар ноҳияи Мирободи пойтахт рух додааст.
2021-11-12T16:20+0500
2021-11-12T16:20+0500
2021-11-12T17:55+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ӯзбекистон
омӯзгор
устод
таҷовузи ҷинсӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_0:352:2300:1646_1920x0_80_0_0_da20ca1296ab4e5f69ba4517512c266e.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Тошканд омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ва ду дӯсти ӯро, ки як хонандаи 14-соларо ба доми худ афтонданд, маҳкум кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба раҳбари тарҳи алайҳи таҷовуз - "NeMolchi.uz" Ирина Матвиенко."Модари духтар гуфт, ки мурофиа ба охир расид. Ба ӯ чаҳор сол ва ба ҳамроҳонаш ҳукми ду солии зиндон доданд. Маҳкумшудагон аз толори додгоҳ бурда шуданд. Онҳоро тибқи моддаи 128 (алоқаи ҷинсӣ бо шахси ба синни шонздаҳ нарасида)-и Кодекси ҷиноятии ин кишвар маҳкум ба зиндон карданд", - ӯ гуфт.Ин модда равобити ҷинсиеро дар назар дорад, ки бо ризоияти тарафҳо, бахусус тарафи зери син сурат мегирад.Ба гуфти вай, модари хонандаи синфи 8 ва вакилони мудофеи ӯ қасд доранд, муҷозоти сангин муқарар шавад, то гунаҳкорон бар асоси моддаи 118 барои таҷовузи дастаҷамъӣ ба номус (шарҳ аз идора - аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ) муҷрим шинохта шаванд. Тавре Матвиенко қайд кард, духтар ҳамагӣ 14 сол дошт ва бинобар ин ӯ розигии огоҳона дода наметавонист. Гуфта мешавад, ин ҳодисаи нангин баҳори соли ҷорӣ дар ноҳияи Мирободи пойтахт рух додааст. Муаллим ва ду дӯсташ як хонандаи синфи 8-ро водор карданд, ки бо онҳо "шишабозӣ" кунад. Вақте духтар мағлуб шуд, эшон талаб кардаанд, ки бо онҳо алоқаи ҷинсӣ кунад. Дар натиҷа се мард духтарро фирефта, таҷовуз кардаанд.
https://sputnik.tj/20210212/hisor-pisarbacha-tajovuz-1032815731.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_21:0:2300:1709_1920x0_80_0_0_cdce8cc582653db4141cf868e23d5682.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ноболиғ, таҷовуз, ҷазо, ӯзбекистон
ноболиғ, таҷовуз, ҷазо, ӯзбекистон
Қазияи таҷовузи духтари ноболиғ аз сӯйи муаллим ва дӯстонаш дар Тошканд: чӣ ҷазо гирифтанд
16:20 12.11.2021 (Навсозишуда: 17:55 12.11.2021) Ин ҳодиса баҳори соли ҷорӣ дар ноҳияи Мирободи пойтахт рух додааст. Муаллим ва ду дӯсташ як хонандаи 14-соларо водор карданд, ки бо онҳо "шишабозӣ" кунад. Вақте духтар мағлуб шуд, онҳо талаб карданд, ки бо онҳо алоқаи ҷинсӣ намояд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Тошканд омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ва ду дӯсти ӯро, ки як хонандаи 14-соларо ба доми худ афтонданд, маҳкум кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба раҳбари тарҳи алайҳи таҷовуз - "NeMolchi.uz" Ирина Матвиенко.
"Модари духтар гуфт, ки мурофиа ба охир расид. Ба ӯ чаҳор сол ва ба ҳамроҳонаш ҳукми ду солии зиндон доданд. Маҳкумшудагон аз толори додгоҳ бурда шуданд. Онҳоро тибқи моддаи 128 (алоқаи ҷинсӣ бо шахси ба синни шонздаҳ нарасида)-и Кодекси ҷиноятии ин кишвар маҳкум ба зиндон карданд", - ӯ гуфт.
Ин модда равобити ҷинсиеро дар назар дорад, ки бо ризоияти тарафҳо, бахусус тарафи зери син сурат мегирад.
Ба гуфти вай, модари хонандаи синфи 8 ва вакилони мудофеи ӯ қасд доранд, муҷозоти сангин муқарар шавад, то гунаҳкорон бар асоси моддаи 118 барои таҷовузи дастаҷамъӣ ба номус (шарҳ аз идора - аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ) муҷрим шинохта шаванд.
Тавре Матвиенко қайд кард, духтар ҳамагӣ 14 сол дошт ва бинобар ин ӯ розигии огоҳона дода наметавонист.
Гуфта мешавад, ин ҳодисаи нангин баҳори соли ҷорӣ дар ноҳияи Мирободи пойтахт рух додааст.
Муаллим ва ду дӯсташ як хонандаи синфи 8-ро водор карданд, ки бо онҳо "шишабозӣ" кунад. Вақте духтар мағлуб шуд, эшон талаб кардаанд, ки бо онҳо алоқаи ҷинсӣ кунад.
Дар натиҷа се мард духтарро фирефта, таҷовуз кардаанд.