https://sputnik.tj/20211112/shoira-rahimjon-turkiya-joiza-zanon-ba-khotiri-sulh-1043500566.html
Шоираи Раҳимҷон дар Туркия барандаи ҷоизаи "Занон ба хотири сулҳ" шуд
Шоираи Раҳимҷон дар Туркия барандаи ҷоизаи "Занон ба хотири сулҳ" шуд
Sputnik Тоҷикистон
Шоираи Раҳимҷон, шоир ва рӯзноманигори номии тоҷик дар Туркия соҳиби ҷоизаи бонуфуз гардид 12.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-12T12:41+0500
2021-11-12T12:41+0500
2021-11-12T16:39+0500
фарҳанг
туркия
шоира раҳимҷон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102130/18/1021301862_0:0:1046:588_1920x0_80_0_0_b7fe1d2dcaf622bfffb91adad7dc81df.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Шоир ва рӯзноманигори муваффақи тоҷик Шоира Раҳимҷон, ки дар шаҳри Истанбули Туркия Тоҷикистонро муаррифӣ кард, ба гирифтани ҷоизаи бонуфуз муваффақ шуд.Ин шоири шинохта ҳамакнун барандаи ҷоизаи "Занон ба хотири сулҳ" гардид.Шоир дар сафҳаи "Facbook"-и худ акси ҷоизаашро нашр намуда, байтеро аз эҷодиёти худ ҷо додааст, ки дар он аз мардуми тоҷик даъват намудааст, то "хонаи худро бо хишти сулҳ обод кунанд".Бояд гуфт, дар ин озмун намояндагони 130 кишвари дунё иштирок карданд ва Шоира Раҳимҷон аз миёни онҳо ба гирифтани ҷоизаи "Занон ба хотири сулҳ" муваффақ шуд.Шоира Раҳимҷон соли 1977 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада, риштаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллиро хатм кардааст.Шоираи Раҳимҷон дар феҳристи "Антологияи зинда"-и АвруосиёНахустин дафтари шеъраш бо номи "Нахустин номаҳои дард” соли 2003 ба табъ расида, китоби дуюмаш бо номи "Вопасин номаҳои дард” соли 2013 нашр шуд.Шоира Раҳимҷон чанд сол пеш дар пайи ихроҷи як гурӯҳи адибон аз Иттифоқи нависандагон ихтиёран тарки ин созмони эҷодӣ кард ва ҳоло маркази продюсерии "Шоира”-ро дар назди нашрияи "СССР” роҳбарӣ мекунад.Шоира Раҳимҷон таронаву мусиқӣ низ эҷод мекунад ва барои ҳунарпешаҳои машҳури тоҷик даҳҳо тарона навиштааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102130/18/1021301862_115:0:1046:698_1920x0_80_0_0_cd8bd28df08a811e070f967bd2c79426.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фарҳанг, туркия, шоира раҳимҷон
фарҳанг, туркия, шоира раҳимҷон
Шоираи Раҳимҷон дар Туркия барандаи ҷоизаи "Занон ба хотири сулҳ" шуд
12:41 12.11.2021 (Навсозишуда: 16:39 12.11.2021) Шоираи Раҳимҷон, шоир ва рӯзноманигори номии тоҷик дар Туркия соҳиби ҷоизаи бонуфуз гардид
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Шоир ва рӯзноманигори муваффақи тоҷик Шоира Раҳимҷон, ки дар шаҳри Истанбули Туркия Тоҷикистонро муаррифӣ кард, ба гирифтани ҷоизаи бонуфуз муваффақ шуд.
Ин шоири шинохта ҳамакнун барандаи ҷоизаи "Занон ба хотири сулҳ" гардид.
Шоир дар сафҳаи "Facbook"-и худ акси ҷоизаашро нашр намуда, байтеро аз эҷодиёти худ ҷо додааст, ки дар он аз мардуми тоҷик даъват намудааст, то "хонаи худро бо хишти сулҳ обод кунанд".
Бояд гуфт, дар ин озмун намояндагони 130 кишвари дунё иштирок карданд ва Шоира Раҳимҷон аз миёни онҳо ба гирифтани ҷоизаи "Занон ба хотири сулҳ" муваффақ шуд.
Шоира Раҳимҷон соли 1977 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада, риштаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллиро хатм кардааст.
Нахустин дафтари шеъраш бо номи "Нахустин номаҳои дард” соли 2003 ба табъ расида, китоби дуюмаш бо номи "Вопасин номаҳои дард” соли 2013 нашр шуд.
Шоира Раҳимҷон чанд сол пеш дар пайи ихроҷи як гурӯҳи адибон аз Иттифоқи нависандагон ихтиёран тарки ин созмони эҷодӣ кард ва ҳоло маркази продюсерии "Шоира”-ро дар назди нашрияи "СССР” роҳбарӣ мекунад.
Шоира Раҳимҷон таронаву мусиқӣ низ эҷод мекунад ва барои ҳунарпешаҳои машҳури тоҷик даҳҳо тарона навиштааст.