Чор ҳазор доллар гирифту шаҳрвандии Русияро ваъда дод: милисаи Душанбе қаллобро меҷӯяд

CC BY 2.0 / Marco Verch Professional / A man with a blue shirt holds dollars in his handsДоллары в руках
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Обуна шудан
Ду сокини Душанбе ва ВМКБ ба хотири гирифтани шаҳрвандии Русия 4 ҳазор доллар додаанд, аммо фиреб хӯрдаанд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Корманди милиса дар шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро ҷустуҷӯ доранд, ки дар фиреби ду корафтода муттаҳам мешавад.
Дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур ду мард, ки яке сокини 28-солаи Душанбе ва дигари сокини 29-солаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудаанд.
Авторынок в селе Чимтеппа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Боз қаллобӣ дар мошинбозор: Соҳиби мошин худравашро аз даст дод
Онҳо арз намудаанд, ки моҳи июни соли ҷорӣ ба умеди гирифтани шаҳрвандии Русия ба як нафар 4 ҳазор доллар "мукофотпулӣ" доданд, вале бо гузашти 5 моҳ кори онҳо ҳал нашуд.
Манбаъ меафзояд, онҳоро як сокини 44-солаи шаҳри Душанбе фиреб дода, маблағи ин ду нафарро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Феълан тафтишоти ин ҳодиса аз тарафи кормандони милитсия идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои сомонаи ВУД Русия, ба ҳисоби миёна, ҳамарӯза ҳудуди 210 тоҷикистонӣ соҳиби шаҳрвандии Русия мешавад.
Лентаи хабарҳо
0