https://sputnik.tj/20211112/nashri-navor-farmondehon-jabha-muqovimat-1043511580.html
Нашри навори яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат баъди даъвои толибҳо
Нашри навори яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат баъди даъвои толибҳо
Sputnik Тоҷикистон
Як гуруҳи муборизони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар пайи иддаои толибҳо, ки дар кишвар нерӯи муқовимате нест, наворе нашр карданд
2021-11-12T18:20+0500
2021-11-12T18:20+0500
2021-11-12T18:20+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
аҳмадшоҳ масъуд
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900246_0:145:3072:1873_1920x0_80_0_0_8cf0b033e55c60d1c669502205f049fc.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Як гуруҳи ҷангиёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо нашри як навор изҳор доштаанд, ки то охирин қатраи хунашон мубориза мебаранд, хабар додааст Sputnik Афғонистон. Ба иттилои манбаъ, ин гуруҳи Ҷабҳаи муқовимат таҳти фармондеҳии Ҳасибуллоҳ, изҳор дошт, ки феълан дар яке аз куҳҳои Ҳиндукуш қарор доранду муборизаашонро идома медиҳанд. Ӯ дар ин навор изҳор медорад, ки афродеро пеши нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мефиристанд, бо ин пешниҳод ки зимистон асту муборизаро хотима диҳанду бо толибҳо пайванданд. Ҳасибуллоҳ таъкид намудааст, ки ин талошҳо беҳудаанд ва даъвоҳо, ки муқовимат хотима ёфтааст, бепояанд. Нашри ин навор дар ҳолест, ки ахиран Толибон эълон карданд, ки нерӯҳои муқовимат вуҷуд надоранд ва тамоми Афғонистон таҳти назорати онҳост. Ин нуктаро РИА Новости бо такя ба сухангӯи ин ҷунбиш Аҳмадуллоҳ Восик хабар дода буд. Дар ҳамин ҳол, қаблан Алӣ Майсам Назарӣ, раиси бахши иртибототи хориҷии Ҷабҳа гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир нерӯҳои муқовимат на танҳо дар Панҷшер, балки дар вилоятҳои Каписо, Парвон, Бадахшон, Балх ва Бағлон низ мустақаранд.Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо гуруҳҳои тундрав муқовимат мекунанд.
https://sputnik.tj/20211112/soleh-bozdosht-doish-afghonistonro-durugh-khond-1043508803.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900246_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_21e2f99e72eba2497e02b28e8c876532.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, муқовимат, афғонистон, нерӯ, навор
толибон, муқовимат, афғонистон, нерӯ, навор
Нашри навори яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат баъди даъвои толибҳо
Як гуруҳи муборизони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар пайи иддаои толибҳо, ки дар кишвар нерӯи муқовимате нест, наворе нашр карданд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Як гуруҳи ҷангиёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо нашри як навор изҳор доштаанд, ки то охирин қатраи хунашон мубориза мебаранд, хабар додааст Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, ин гуруҳи Ҷабҳаи муқовимат таҳти фармондеҳии Ҳасибуллоҳ, изҳор дошт, ки феълан дар яке аз куҳҳои Ҳиндукуш қарор доранду муборизаашонро идома медиҳанд. Ӯ дар ин навор изҳор медорад, ки афродеро пеши нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мефиристанд, бо ин пешниҳод ки зимистон асту муборизаро хотима диҳанду бо толибҳо пайванданд. Ҳасибуллоҳ таъкид намудааст, ки ин талошҳо беҳудаанд ва даъвоҳо, ки муқовимат хотима ёфтааст, бепояанд.
Нашри ин навор дар ҳолест, ки ахиран Толибон эълон карданд, ки нерӯҳои муқовимат вуҷуд надоранд ва тамоми Афғонистон таҳти назорати онҳост. Ин нуктаро РИА Новости бо такя ба сухангӯи ин ҷунбиш Аҳмадуллоҳ Восик хабар дода буд.
Дар ҳамин ҳол, қаблан Алӣ Майсам Назарӣ, раиси бахши иртибототи хориҷии Ҷабҳа гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир нерӯҳои муқовимат на танҳо дар Панҷшер, балки дар вилоятҳои Каписо, Парвон, Бадахшон, Балх ва Бағлон низ мустақаранд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо гуруҳҳои тундрав муқовимат мекунанд.