https://sputnik.tj/20211112/million-atfol-afghoniston-marg-tahdid-mekunad-1043513693.html
Фоҷеаи миллионӣ дар Афғонистон: СҶБ ҳушдор медиҳад
Фоҷеаи миллионӣ дар Афғонистон: СҶБ ҳушдор медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, то охири сол дар Афғонистон бар асари камғизоӣ ҳадди ақал як миллион кӯдак мемирад 12.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-12T19:20+0500
2021-11-12T19:20+0500
2021-11-12T19:20+0500
иҷтимоъ
афғонистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0c/1040836987_0:86:3303:1944_1920x0_80_0_0_80cd4b3090454061c63d7ae2ea5fabad.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. То авохири соли ҷорӣ дар Афғонистон дастикам як миллион кӯдак бар асари норасоии шадиди ғизо фавт мекунад.Дар ин бора сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Маргарет Ҳаррис зимни як ҷаласа иттилоъ дод.Ба гуфтаи вай, СҶБ феълан ба 47 муассисаи тандурустӣ дар 23 вилояти Афғонистон барои табобати кӯдакон кумак ирсол намудааст.Аммо Ҳаррис мегӯяд, ин кӯмак қатрае аз баҳр аст.Қаблан сухангӯи дабири кулли Созмони Милал эълом кард, наздик ба 23 миллион нафар ё ҳудуди 55 дарсад аз ҷамъияти Афғонистон то соли оянда дар буҳрони ғизоӣ қарор хоҳад гирифт.Фарҳон Ҳақ, муовини сухангӯи дабири кулли СММ эълом кард, барои кумак ба 11 миллион нафар дар Афғонистон ин кишвар ба кумаки молии 606-миллиондолларӣ ниёз дорад, ки то кунун 54 дарсади он таъмин шудааст.Вай ҳамчунин қайд кард, СММ наметавонад пули нақд ва манобеи молии лозимро барои интиқоли кумакҳои инсондӯстона ба миллионҳо нафар аз мардуми Афғонистон, ки бо гуруснагӣ мувоҷеҳанд, таҳия кунад, вале талош дорад, гузинаҳои дигареро барои эҷоди субот дар иқтисоди дар остонаи фурӯпошии Афғонистон пайдо кунад.
https://sputnik.tj/20211107/smm-to-soli-oyanda-23-million-afghonistoni-ba-buhroni-ghizoi-ru-ba-ru-meshavad-1043297543.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0c/1040836987_411:0:3142:2048_1920x0_80_0_0_1feeb67e2b192f7998427c21d1cd2521.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷтимоъ, афғонистон, осиёи марказӣ
иҷтимоъ, афғонистон, осиёи марказӣ
Фоҷеаи миллионӣ дар Афғонистон: СҶБ ҳушдор медиҳад
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, то охири сол дар Афғонистон бар асари камғизоӣ ҳадди ақал як миллион кӯдак мемирад
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. То авохири соли ҷорӣ дар Афғонистон дастикам як миллион кӯдак бар асари норасоии шадиди ғизо фавт мекунад.
Дар ин бора сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Маргарет Ҳаррис зимни як ҷаласа иттилоъ дод.
"Норасоии ғизо, ки ҳоло дар Афғонистон мавҷуд аст, ба Вазорати беҳдошти ин кишвар сарбории зиёд овардааст. Тақрибан се миллиону 200 ҳазор кӯдаки то 5-сола то охири сол ба камғизоӣ рӯ ба рӯ мешавад. Ҳамзамон як миллион кӯдакро марг таҳдид мекунад", - афзуд Ҳаррис.
Ба гуфтаи вай, СҶБ феълан ба 47 муассисаи тандурустӣ дар 23 вилояти Афғонистон барои табобати кӯдакон кумак ирсол намудааст.
Аммо Ҳаррис мегӯяд, ин кӯмак қатрае аз баҳр аст.
Қаблан сухангӯи дабири кулли Созмони Милал эълом кард, наздик ба 23 миллион нафар ё ҳудуди 55 дарсад аз ҷамъияти Афғонистон то соли оянда дар буҳрони ғизоӣ қарор хоҳад гирифт.
Фарҳон Ҳақ, муовини сухангӯи дабири кулли СММ эълом кард, барои кумак ба 11 миллион нафар дар Афғонистон ин кишвар ба кумаки молии 606-миллиондолларӣ ниёз дорад, ки то кунун 54 дарсади он таъмин шудааст.
Вай ҳамчунин қайд кард, СММ наметавонад пули нақд ва манобеи молии лозимро барои интиқоли кумакҳои инсондӯстона ба миллионҳо нафар аз мардуми Афғонистон, ки бо гуруснагӣ мувоҷеҳанд, таҳия кунад, вале талош дорад, гузинаҳои дигареро барои эҷоди субот дар иқтисоди дар остонаи фурӯпошии Афғонистон пайдо кунад.